Оҳан (лотинӣ Ferrum), Fe, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 26, массан ат. 55,647. Q.-и табиӣ аз 4 изотопи собит 54Ғе (5,84%), **Ғе (91,68%), 67Ғе (2,17%) ва 58Ғе (0,31%) иборат аст. Аз изотопҳои сунъиаш 55Ғе ва Ғе бештар устувор ва аҳамиятноканд. Оҳан ба инсоният аз қадимулайём (нигаред Асри оҳан) инҷониб маълум аст. 4,65% массаи қишри Замин аз Оҳан иборат буда, худи Оҳан дар табиат дар ҳолати озод ва магмавӣ, гидротермалӣ ва гипергенӣ дучор мешавад. Оҳан қариб 300 минерали оксиди, сулфидӣ, силикатӣ, карбонатӣ, фосфата ва ғайра ҳосил менамояд.
Конҳои Оҳан дар СССР дар ҳавзаи Кривой Рог, Белгород, Ангаро-Питск, Ангаро-Илимск, кӯҳҳои Магнитний, Високий ва Благодат, Соколовское, Сарбайск ва ғайра, дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Қурама (кони Чоҳқадамбулоқ) ва Аличури Ҷанубӣ мавҷуд аст. Оҳани холис металли нуқраранги чандир мебошад. Зичиаш 7874 килограм/метр3, t гудозиш 1539° С, t ҷӯшиш 2880°Селсия аст. Валенташ тағйирёбанда буда, пайвастҳои 2 ва 3 валентааш бештар устуворанд. Бо оксиген ҒеО, Ғе203, Ғез04 ҳосил мекунад. Дар ҳарорати муқаррарӣ, дар ҳавои намнок
- қабати тунуки занг (Ғе202 nHjO) пӯшида мешавад. Оҳан дар ҳавои хушк (дар ҳарорати аз 200° Селсия зиёд) қабати тунуки оксид ҳосил менамояд. Ҳанго- ми дар буғи об гарм кардан Ғе204 (дар ҳарорати қариб 570° Селсия) ё ҒеО (дар ҳарорати аз 570°Селсия баланд) ҳосил карда, гидроген хориҷ менамояд. Гидроксиди Оҳан Ғе(ОН)2 дар вақти ба маҳлули обии намакҳои Ғе++ таъсир кардани ишқор ё аммиак дар намуди такшони сафед ҳосил мешавад. Ғе(ОН)2 дар ҳавои кушод аввал ; сабз, баъд сиёҳ шуда, дар охир ба гидроксиди сурхи бур Fe (ОН)з табдил меёбад. FeO хосияти асосӣ ва Fe203 хосияти амфотерӣ дорад. Оҳан ба галлогенҳою галлогенидҳои гидроген бо осонӣ ба реаксия дохил шуда намак (масалан ҒеС12, ҒеСЬ ва ғайра) ва бо S, С, N, Si, Р пайваст шуда, сулфидҳо (FeS, FeS2), карбидҳо (Ғе3С, Ғе*С), нитридҳо jFe4N, Fe2N), силисидҳо (FeeSi), фосфидҳо (ҒвағР) ва ғайра ҳосил менамояд. Оҳан аз таъсири HN03-n консентронида пардаи муҳофизи оксид ҳосил намуда, пассив мегардад, аммо дар HNOs-и сероб ҳал шуда, кислотаро то NH2N20 ва N2 барқарор мекунад. Иони Ғе2+ ноустувор буда. дар ҳаво оксид мешавад ва ба Ғе3+табдил меёбад. Оҳан як қатор пайвастҳои комплексӣ ҳосил менамояд. Оҳани холисро дар миқдори кам аз электродиаи маҳлули намак ё бо гидроген барқарор кардани оксидҳояш ҳосил мекунанд. Оид ба усулҳои саноатии истеҳсоли Оҳан нигаред масалан Истеҳсолоти мартенӣ, истеҳсолоти домнавӣ. Оҳанро асосан дар намуди хӯлаҳои гуногун (чӯян, пӯлод ва ғайра) истифода мебаранд. Бештар аз 95%’ маҳсулоти металлии истеъмолшаванда Оҳан ва хӯлаҳои он аст.
Оҳан дар организми ҳайвонот ва растаниҳо (тахминан 0,02%) яке аз элементҳои биогении зарур буда, дар бисёр просессҳои ҳаётӣ роли муҳим мебозад. Вай ба организм асосан ба воситаи хӯрок (ҷигар, гӯшт, тухм, нон, лаблабу ва ғайра) дохил шуда, дар ҷигар ва талха захира мешавад. Дар организм Оҳан барои синтези гемоглобин, миоглобия, бофтаҳои ситохромӣ ва дигар ферментҳои оҳандор сарф мешавад.
Дар тиб препаратҳои Оҳандор (лактати оҳан, ферамид, гемостимулин ва ғайра)-ро барои муолиҷаи бемориҳое, ки аз норасоии Оҳан ба вуҷуд меоянд, инчунин баъзе бемориҳои сироятӣ истифода мебаранд. Изотопҳои Оҳан (б2Ғе, 5бҒе ва 59Ғе) ҳангоми тадқиқоти тиббию биологӣ ва ташхиси бемориҳои хун (анемия, лейкоз, полипситемия ва ғайра) чун индикатор истифода мешаванд. Нигаред низ Оҳангарӣ.
Адабиёт.: Общая металлургия, Mосква 1967; Некрасов Б. В., Основы общей химии, том 3, Москва, 1970.