Маълумоти охирин

Обёрӣ

Обёрӣ, ирригасия, ба заминҳои камобу хушк овардани об яке аз намудҳои мелиорасия; тадбирҳои гидро ва агротехникӣ, ташкилию хоҷагӣ, ки бароӣ обёрии заминҳои камоб ва зиёд намудани захираи на­мии қабати решасабзи хок (қабате, ки дар он решаи растани ҷойгир мешавад) пешбинӣ шудааст. Обёрӣ барои танзими намӣ, гармӣ, ҳосилхезии хок ва серҳосилии зироат шароит фароҳам меоварад. Дар биёбон, нимбиёбон ва ноҳияҳои хушки камбориш ва хеле гарм ҳосили зироат пурра ба Обёрӣ вобаста аст. Дар заминҳои обӣ на­зар ба заминҳои лалмӣ ҳосили зироати хоҷкгии қишлоқ 3—4 ва баъзан то 30 маротиба зиёд мешавад. Заминҳои обии мамлакатҳои дунё кариб 16%-и замини киштро ташкил медиҳад, аммо ҳосили ин заминҳо ба ҳосили тамоми заминҳои лалмӣ баробар аст.

Пах­та ва шолиро фақат дар замини обӣ мекоранд. Обёрӣ фаровонии истеҳсоли сабзавот ва зироати хӯроки чорворо на танҳо дар ноҳияҳои камбориш, инчунин дар ноҳияҳои боришоташ номӯътадил ҳам таъмин менамояд. Обёрӣ имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии ҳосили ғалла дар ноҳияҳои ғаллакорӣ баланд бардошта шавад. Самараи Обёрӣ ба ҷиҳозонии техникӣ ва шароити ташкилию хоҷагӣ. мӯҳлат, сифат, ҳаҷм ва меъёри об­монӣ, хусусиятҳои биологии навъу намудҳои зироат, технологияи парвариш ва шароити хоку гидрогеологӣ вобаста аст. Риояи низоми мӯътадили обмонӣ барои просессҳои микро­биологии хок, алалхусус. барои нит­рификасия шароити муфид фароҳам меорад. Барои Обёрӣ системаи обёрӣ сохта мешаванд.

Обёрӣ ҳанӯз дар давраҳои қадим дар ноҳияҳои иқлимаш хушк ва гарм (Миср, Байнаннаҳрайн, Осиёи Миёна, Закавказия ва ғайра) пайдо шудааст. Одамон дар заминҳое, ки аз обхезӣ кӯл мешуданд, парвариш намудани растаниҳои ғизоиро омӯхтанд. Баъдтар атрофи заминҳои обкӯлро марза гирифта обро муддати зиёд нигоҳ дошта, мунтазам ҳосили зироати хоҷагии қишлоқ мегирифтагӣ шуданд. Минбаъд ба ни заминҳо канал гузаронда ҷараёни обро танзим намуданд.

Дар ҳудуди Осиёи Миёна системаҳои калони обёрӣ дар Хуросон, Суғд, Хоразм ҳанӯз дар давраи ҳазораи 1 то милод сохта шуда буданд. Обёрӣ дар по­ёноби Ому асрҳои 8—7 то милод то асри 3 метр хеле тараққӣ карда буд.

Дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира 0бёрӣ аз давраҳои хеле қадим маълум аст. Дар бештари ноҳияҳои республика осори каналҳои қадим боқӣ мондаанд. Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва Каттасой, ки 0бёрӣ ба дараҷаи баланд та­раққӣ карда буд, корезҳо боқӣ мондаанд. Каналҳои қадима ҳастанд, ки онҳоро минбаъд аз нав сохтаанд. Macалан, каналҳои Ҷӯйбори Вахш. Чилғозӣ ва Мотпарии Исфара, Тӯхсанко­рези Панҷакент. Каландчии Панҷ. Қистакӯз ва Ғӯлакандози Хуҷанд ва ғайра.

Дар Тоҷикистон пеш аз революсия зиёда аз 75%* заминҳои обӣ дар дас­ти амиру бекҳои он ва бою муллоҳо буд. Дар он давра ба Обёрӣ аҳамият до­да намешуд, системаи обёрӣ хеле оддӣ буд.

Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Обёрӣ тараққӣ кард. Соли 1918 Владимир Илич Ленин Декретро оид ба ташкили корҳои обёрӣ дар Туркистон ва барои иҷрои ин кор ҷудо намудани 50 миллион сӯм имзо кард. Соли 1920 оид ба барқарор наму­дани кишти пахта дар Туркистон ва Озарбойҷон қаpop қабул карда шуд, ки дар он ба масъалаҳои Обёрӣ диққати асосӣ дода шудааст. Дар қарори «Мубориза бо хушксолӣ» (1921) низ аҳамияти Обёрӣ махсус қайд шудааст. Соли 1928 дар натиҷаи анҷом додани як қатор корҳо замини кишти обӣ ба 4.171 миллион га расид. Соли 1913 замини пахта 17,8%-и заминои обиро таш­кил мекард, ки он соли 1928 ба 22,4% расид. Соли 1929 дар бораи 1 миллион га васеъ намудани заминҳои обӣ қарор қабул карда шуд, ки 700 га-и он ба­рои кишти пахта пешбинӣ шуда буд.

Обёрӣ баъди Пленуми майии (1966) КМ КПСС боз ҳам тараққӣ кард. Дар зарфи сад сол заминҳои обӣ 6,4 миллион га зиёд шуд ва соли 1975 ба 14,2 миллион га расид. Съезди 25 КПСС бори дигар ахамияти мелиорасияро қайд кард ва программаи васеи тараққӣ додани Обёрӣ, афзун намудани самараи заминҳои обӣ ва беҳтар истифода кардани онро муайян намуд. Дар панҷсолаи 10-ум 5 миллион га замин Обёрӣ мешавад. Дар ноҳияҳои пахтакори зироати обӣ хеле тараққӣ хоҳад кард. Дар ноҳияҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон барои анҷом додани корҳои танзими обӣ дарёҳои Сир ва Аму тадбирҳо пешбинӣ шудаанд. Сохтмон ва аз об пур намудани обанбори Норак ва Тӯхтагул, Талимардон ва дигар обанборҳо ба охир мерасад. Барои Обёрӣ васеъ истифода кардани обҳои зеризаминӣ ҳам пешбинӣ шудааст.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ корҳои ирригаторони Тоҷикистонро муваққатан боздошт вале соли 1944 як қатор системаҳои обёрӣ дубора сохта шуд ва заминҳои нав кушоданд. Дар давоми бист соли баъди ҷанг системаҳои нави обёрии Фархор—Чӯбак ва Дилварзин (навбати якум) сохта шуданд; дар Мирзочӯли тоҷик обёрӣ вусъат ёфта, стансияҳои насосии обёрии Мирзочӯл, Хоҷабоқирғон ва Сомғар ба кор даромаданд. Соли 1965 замини обӣ 480,6 ҳазор га ва замини пахта 228 ҳазор га буд. Пас аз Пленуми мартии (1965) КМ КПСС 143 ҳазор замини обӣ ба кор андохта шуд ва зироати обӣ 27% афзуд (янв. 1978). 29 марти 1968 дарёи Вахш дар даҳанаи гидроузели Бойғозӣ маҳкам карда шуд.

Соли 1975 заминҳои обии водиҳои Ёвон ва Обикиик 40 ҳазор га буд. Дар хамин сол дар Гаровутӣ 7,5 ҳазор га замини нав кушода шуд. Дар сохтмони системаи обёрӣ воситаҳои техникии нав исти­фода шуданд (каналҳои иловагӣ, ғулбаҳои зеризаминии обёрӣ, шлангҳои сайёри обмонӣ, заҳбурҳои маҳками горизонталию вертикалӣ). Соли 1975 тули шабакаи обёрӣ 28,1 ҳазор километр буд, ки аз он нова, ғулбаҳои рӯпӯш ва каналҳои бетонпӯш 4,1 ҳазор километрро барои кишти пахта истифода хоҳад шуд. Ба ин заминҳо об аз обанбори ГЭС-и Норак ба воситаи туннели гидротехникӣ (дарознаш 13,6 километр, диаметраш 6,6 метр) оварда мешавад. Дар райони Шаҳртуз корҳои Обёрии 17,1 ҳазор га замини водии Бешкент оғоз ёф- танд. Дар заминҳои ин водӣ асосан пахтаи маҳиннах парвариш меша­вад. Минбаъд дар райони Шаҳртуз заминҳои бекорхобидаи Қаросирт 22,1 ҳазор га, Чордағал 14,1 хазор га бо усулҳои мошинӣ Обёрӣ мешаванд.

Солҳои наздик ду мавзеи водии Вахш: Тошработ 12,2 ҳазор га (7,5 ҳазор га дар райони Вахш ва 4.7 ҳазор га дар райони Колхозобод) ва ҷануби pайони Қумсангир 19.1 ҳазор га аз худ карда меша­ванд. Ин заминҳо бо ёрии стансияҳои на­соси обёрӣ хоҳанд шуд. Дар райони Ашт, ки мувофиқи маълумотҳои пешакӣ барои зироатҳои обӣ то 47 ҳазор га замин аз худ карда мешавад. до­ир ба сохтмони навбати якуми систе­маи обёрӣ корҳои зиёде анҷом меёбанд, ки он бо таҷҳизоти автоматӣ ва телемеханикӣ ҷи ҳозонида меша­вад. Ба ин ҷо об аз дарёи Сир ба воситаи стансияи насосӣ ва стансияи заҳбури вертикалӣ оварда мешавад. Дар оянда аз дарёи Сир Обёрӣ намудани 41,9 ҳазор га за­минҳои дашти Мирзоободи вилояти Ленинобод пешбинӣ шудааст. Дар ин заминҳо асосан (боғу токзор бунёд мешавад. Дар оянда баъди як қисми оби дарёҳои Сибирро ба ҳавзаи баҳри Арал равон кардан барои Обёрӣ намудани даҳҳо ҳазор га заминҳои лалмии районҳои Ӯротеппа ва Ғончӣ имконият фароҳам меояд.

Ад.: Ирригация Таджикистана 1924— 1937 гг.. Ташкент, 1938; Ахмедов А. А., Ирригации в Таджикистане. Сталинабал. 1957; ҳ а м о н муалл., К раз­витию водной проблемы в Таджикиста­не. Сталинабад, I960; Костиков А. Н., Основы мелиорации. Москва, 1960; А с- кочинский А. Н., Орошение и обвод­нение в СССР, Москва, 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …