Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИКРОКЛИН

МИКРОКЛИН

mikroklinМИКРОКЛИН (аз микро… ва юн. klino — ҳам мешавам), минералест аз гурӯҳи ишатҳои даштӣ. Таркиби химиявиаш (Kt Na)[AlSiaOe]. Ба миқдори кам омехтаҳои калций, барий, оҳан, рубидий, цезий дорад. Систе­маи кристаллбандиаш триклинӣ. Кристалҳояш одатан призмашакл мешаванд. Сахтиаш 6—6,5; зичиаш 2540—2570 кг/м9. Рангаш гулобӣ, зарди буртоб, сафеди сурхча, сурхи гулобӣ, баъзан сафед, сабзи кабудтоб (амазонит). Ҷилояш шишагун, садафмонанд. Микроклин ҳамчун минерали ҷинсофарин ҷузъи таркибии гранит, гранодиорит, граносненит, пегматит ва гнеисҳо мебошад. Дар саноати шиша ва кӯлолӣ истифода мебаранд. Аз амазонит ҳар гуна маснуоти заргарӣ тайёр мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …