Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРИТҲО

МЕТЕОРИТҲО

meteorithoМЕТЕОРИТҲО, ҷисмҳои оҳании сангие, ки аз фазои байнисайёравӣ ба Замин меафтанд; боқимондаҳои моддаи метеориеанд, ки дар атмосфера пурра сӯхта нобуд нашудааст. Метеоритҳо ба се синф: оҳанӣ, оҳаксангӣ ва сангӣ тақсим мешаванд. Нишонаҳои асосии Метеоритҳо чунинанд: шаклан дағар-буғури теғаҳояш ҳамворшуда; карахши гудозишӣ, ки Метеоритҳоро чун пардаи тунук пӯшонидааст, инчунин чуқурчаҳои хоссае, ки регмаглинт ном доранд (расмҳои 1 ва 2).

Дар натиҷаи таъсири мутақобили байни Метеоритҳо ва атмосфера ҳангоми ҳаракати онҳо дар атмосфера (порашавӣ ва абляция) М. баъзан шаклӣ нисбатан мунтазам (қонуси мунтазам ё кристалли бисьёррӯя)-ро мегиранд (расм и 3).

Ба Метеоритҳо номи маҳалҳои аҳолинишин ё объектҳои географие, ки ба ҷои афтиши онҳо наздиканд, дода мешавад. Андозаи Метеоритҳо аз якчанд мм то

якчанд м, массаашон мувофиқан аз мг то даҳҳо т мешавад. Метеоритҳои калонтарини ба Замин афтида инҳоанд: Метеоритҳои сангин Гоба (с. 1920 дар

ҷан. ғарбии Африка ёфт шудааст), ки массааш тақр. 60 т ва М.-и Оҳании Кейп-Йорк (с. 1818 дар Гренландия ёфт шудааст), ки массааш 34 т мебошад. Ҳамагӣ тақр. 35 Метеоритҳои массаи ҳар кадомашон зиёда аз 1 т маълуманд. Селавор афтидани Метеоритҳо борони метеорит ном дорад ва ҳар як борони метеорит чун як метеорит қабул карда мешавад. 12 февр. 1947 дар кишв. Приморили Иттифоқи Советӣ борони метеоритии Оҳанин Сихотэ-Алин (ниг. Метеорити Сихотэ-Алин) боридааст, ки массаи якҷоя тақрибан 70 т мебошад. Ҳар сол ба рӯи Замин зиёда аз ҳазор метеорит меафтад. Аммо бисёрии онҳо ба баҳру уқёнусҳо ва махалҳои камаҳолӣ меафтанд, бинобарии номаълум мемонанд. Ҳангоми афтидани Метеоритҳо дар сатҳи Замин танӯраҳо пайдо мешаванд (НИГ. Танураи метеорит), ки андоза ва шакли онҳо ба суръати афтиши Метеоритҳо вобаста аст.

Метеоритҳо тақрибан 40 маротиба ба болои биноҳо афтиданд, аммо биноҳо чандон зарар надидаанд. Метеоритҳо намунаи ҷисмҳои сахтӣ ғайризаминӣ буда, барои тадқиқи бевосита дастрас мебошанд ва аз пайдоиш ва инкишофи баъдинаи системаи Офтоб маълумоти гуногун медиҳанд. Таркиб ва ҳаракати Метеоритҳо бо методҳои гуногун (мас., оптикӣ, раднолокационӣ ва ғ.) омӯхта мешаванд. Астрономили метеорӣ яке аз фаслҳои муҳими астрономия мебошад. Ниг. низ Мётеорҳо,

Ад.: Кринов Е. Л., Основы метеоритики, м., 1965; Мейсон В., Метеориты, пер. с англ., М., 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …