Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛОГЕНИЯ

МЕТАЛЛОГЕНИЯ

metalogeniyaМЕТАЛЛОГЕНИЯ (аз металл ва юн. geneia — пайдоиш, ба вуҷуд омадан), як фасли илм оид ба сарватҳои зеризаминӣ буда, қонунияти регионалии пайдоиш ва ҷойгиршавии қоидаи маъданро меомӯзад. Асосгузорони М. дар СССР — В. А. Обручев, С. С. Смирнов, Ю. А. Билибин; дар хориҷа — геологӣ франсавӣ Л. де Лоне. Вазифаи асосии М. пешакӣ муайян кардани маъдандории структура ва давраҳои геологист. Вобаста ба табиати генетикии сарватҳои асризаминӣ ва мақсадҳои тадқиқоти геологӣ Метааллогения ба Метааллогенияҳои зидогенӣ, экзогенӣ, умумӣ, регпоналӣ, инчунин Метааллогенияи. ноҳияҳои маъдандор ва махсус тақсим мешавад. Метааллогенияи эндогенӣ қонунияти геологию геохимиявии пайдоиш ва ҳудуди конҳои маъдани металлиро, ки онҳо бо процессҳои қаъри Замин вобаста анд, дар фазову вақт меомӯзад. Метааллогенияи экзогенӣ қонунияти пайдоиш ва ҳудуди конҳои охан, алюминий, никел, манган ва ғ-ро дар рӯй ва қисмҳои болоии Замин, ки бо процесси фарсоиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва дар қаъри ҳавзаҳои об ҷамъ шудани таҳнишастҳо алоқаманданд, тадқиқ менамояд. Метааллогенияи умумӣ асоси назариявӣ ва қонунияти умумии ташаккул ва ҷойгиршавии маъданро ба туфайли инкишофи қишри Замин меомӯзад. Метааллогенияи регионалӣ қонунияти майдонҳои маъдандор ва конҳои маъданро дар ҳудуди региони геологӣ (мас., Урал, ноҳияи Зарафшону Ҳисор ё ягон массиви кристаллӣ) тадқиқ мекунад. Метааллогенияи ноҳияҳои маъдандор, ки як қисми Метааллогенияи регионалӣ ба шумор меравад, мавқеи геологии конҳоро нисбат ба структураҳои тектоникии ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғ. дақиқтар меомӯзад. Метааллогенияи махсус қонунияти дар фазо ҷойгир шудан ва замони пайдоиши ягон металл (мас., берилий, оҳан) ё гурӯҳи металлҳо (мас., полиметаллҳо, маъданҳои сурмаю симоб)-ро тадқиқ менамояд.

Ад.: Билибин Ю. А., Металлоге-пические провинции и металлогеннчесиие эпохи, М., 1955; В. И. Смирнов. Очерки металлогении, М., 1963; Е. Д. Карпова. Типы металлогенических зон Тянь-Шаня и Памира, дар кит.: «Закономерности размещения полезных ископаемых». т. 3., М., I960

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …