Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАБОЛИЗМ

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizmМЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole— тағйирёбӣ, табаддулот), маҷмӯи реаксияи химиявии дар ҳуҷайраҳои зинда баамалояндаро гӯянд, ки организмро бо энергия ва моддаҳои барои фаъолияти ҳаётӣ, сабзвотҳо афзоиш зарурӣ таъмин менамоянд. Ба маънии бештар истифодашаванда истилоҳи «Метаболизм» мубодилаи моддаҳо ва энергияро ифода мекунад; ба маънии махсус ва саҳеҳтар мубодилаи мобайнӣ, яъне табаддулоти моддаҳоро дар дохили ҳуҷайра нишон медиҳад (аз лаҳзаи ба ҳуҷайра дохил шудани онҳо то ҳосил шудани маҳсули охирин). Аз ин рӯ, истилоҳи «Метаболизм»-ро ба гурӯҳи алоҳидаи моддаҳо 6 моддаи муайян (мас., Метаболизми сафеда, Метаболизми глюкоза ва ғ.) нисбат медиҳанд. Моддаҳои ғизоӣ дар ҳуҷайра бо иштироки ферменту як қатор тағйиротҳои химиявиро аз cap мегузаронанд. Метаболизм ду тараф дорад: анаболизм ва катаболизм. Реакцияи анаболӣ ҳосилшавӣ ва азнавсозии элементҳои таркиби ҳуҷайраҳо ва бофтаҳоро таъмин менамоянд. Ин реакдияҳо аксаран барқароркунанда буда, бо сарф кардани энергияи химиявии озод (реакцияҳои эндергонӣ) сурат мегиранд. Табаддулоти катаболӣ процесси то компонентҳои содда таҷзия шудани молекулаҳои мураккаб мебошад. Ин реакцияҳо одатан оксидкунанда буда, бо ҷудошавии энергияи химиявии озод (реакцияи экзергонй) сурат мегиранд. Ҳар ду тарафи Метаболизм ҳар вақт ва фазо бо ҳам зич алоқаманданд. Ниг. низ Ассимиляция ва Диссимиляция.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …