Маълумоти охирин
Главная / Илм / «МЕҲНАТИ КИРОЯ ВА КАПИТАЛ»

«МЕҲНАТИ КИРОЯ ВА КАПИТАЛ»

kapital«МЕҲНАТИ КИРОЯ ВА КАПИТАЛ», асари К. Маркс, ки дар он муносибатҳои истеҳсолии ҷамъияти буржуазӣ муфассал таҳлил шудааст. Аввалин бор соли 1849 дар «Газетаи нави Рейн» чоп шуд; нотамом мондааст. Ба забони русӣ бори аввал аз тарафи гурӯҳи «Озодкунии меҳнат» тарҷума ва соли 1883 дар Женева чоп гардид. С. 1963 ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст (Маркс К., Энгельс Ф., Асарҳои мунтахаб, ҷ. 1, саҳ 60— 89). «М.» аввалин асари чопии К. Маркс буда, дар он воситаҳои истеҳсолоти капиталистӣ аз ҷиҳати илмӣ тадқиқ шудааст; дар ин асар ба таҳлили муносибати асосии ҷамъияти буржузӣ — муносибати байни меҳнати кироя ва капитал диққати махсус дода мешавад. К. Маркс дар «Меҳнат» музди кор ва қонунҳоеро, ки андозаи онро муайян мекунанд, таҳлил карда, процесси андухти капиталро дида мебарояд. Фарқи зиддияти кулли манфиатҳои меҳнате кироя ва капиталро нишон медиҳад ва исбот мекунад, ки афзоиши босуръати капитал барои навсозии революционии ҷамъият замина мегузорад. К. Маркс дар «Меҳнат» ба ҳалли масъалаи арзиши изофа хеле наздик шудааст. Ғояҳои «Меҳнат» дар асарҳои минбаъдаи К. Маркс ва Ф. Энгельс, махсусан дар «Капитал» инкишоф ёфтаанд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …