Маълумоти охирин

Маорифи халқ

МАОРИФИ ХАЛҚ, системаи муассисаҳои таълиму тарбия, ки кори онҳо мувофиқи манфиату талаботи ҷамънят ва давлат ба соҳибмаълумот ва тарбия намудани халқ нигаронида шудааст. Ба забони руссӣ мафҳумӣ «Маорифи халқ» ҳамчун «Народное образование» ва ба забони англисӣ «Public education» номида мешавад. Дар як қатор мамлакатҳо дар баробари муассисаҳои давлатӣ муассисаҳои хусусӣ ва динии таълиму тарбия низ вуҷуд доранд.

Мактаб ” class=”alignnone size-full wp-image-74155″ height=”485″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/03/maktab_maorif.jpg” width=”1000″/>

<p style= Маданияти халқ муассисаҳои тарбияи томактабӣ, ҳама гуна мактабҳои маълумоти умумӣ, касбҳои техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ, шаклҳои гуногуни таълими касб ва такмили ихтисоси кормандон, муассисаҳои беруназмактабиро дар бар мегирад. Маданияти халқ фақат охири асри 18 ва аввали асри 19 нуфуз пайдо кард. То он вақт тарбияи мактабӣ танҳо ба аъёну ашроф дастрас буд. Фақат қисме аз фарзандони аҳли ҳунар ва тоҷирон дар мактабҳо маълумоти ибтидоӣ гирифта метавонистанд. Аксарияти меҳнаткашон аз ҳуқуқи маълумотгирӣ маҳрум буданд.

Бо инкишофи муносибатҳои капиталистӣ буржуазия ба такмили истеҳсолот ва таълими коргарон эхтиёҷ пайдо кард. Ин вазъият ва инчунин дар револютсияи буржуазӣ иштирок намудани оммаи халқ боиси он гардид, ки мамлакатҳои ба роҳи тараққиёти капиталистӣ даромада ташкили маърифатноккунии беистиснои ҳамаи гражданинҳоро расман ба ӯҳда гирифтанд. Аммо қонунҳои дар ин мамлакатҳо қабулшуда фақат аз мактабӣ табақавӣ ба мактаби сиифӣ гузаштанро дар назар доштавд.

Асри 19 дар аксари мамлакатҳои капиталистӣ оид ба таълими ибтидоии умумии ҳатмӣ қонунҳо баромаданд. Бо вуҷуди он ки талаботи ба таълими коргарон доштаи саноат, пақлиёт, алоқа ва дигар соҳаҳои рӯ ба тараққӣ ниҳодаи хоҷагӣ характери объективӣ дошт, дар давлатҳои буржуазӣ дар амал ду системаи Маданияти халқ ташкил ёфта буд: яке барои синфи доро, дигаре барои меҳнаткашон. Дар ҷамъияти синфӣ ҳатто таълими бепул ғайрисинфӣ шуда наметавонад, зеро на ҳамаи волидон барои хонондани фарзандони худ дар Мактаб имконият доранд. Илова бар ин дар баъзе мамлакатҳои капиталистӣ системаи махсуси санҷишҳо ҷорист.

Мувофиқи ин система ба гурӯҳи бачагони соҳибистеъдод фақат онҳое дохил мешаванд, ки падару модари давлатманд доранд. Фақат чунин бачагон қодиранд ба мактабҳои олӣ дохил шаванд. Аксарияти фарзандони меҳнаткашон баъди хатми мактабҳои ибтидоӣ ба мактабҳое дохил мешаванд, ки аксаран барои дар мактабҳои олӣ давом додани таҳсил ҳуқуқ намедиҳанд. Системаи ҳақиқатан халқии маориф танҳо дар ҷамъияти социалистӣ ҷорӣ шудааст.

Дардавлатҳои собиқ шӯъравӣ ва дигар мамлакатҳои социалистӣ дастрасии умум будани ҳама шаклу намудҳои маълумот, татбиқи мунтазами принсипҳои мактаби ягона бепул будани маълумот, таълим ба забони модарӣ, ҷудо будани Мактаб аз калисо, стипендияи давлатӣ ба талабагони омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус таъмин карда мешаванд.

Дар ҳамаи мамлакатҳо асоси низоми Маданияти халқро маълумоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Мӯҳлати таҳсили ибтидоӣ дар мамлакатҳои гуногун аз 3 то 6 сол аст. Дар мамлакатҳои капиталистӣ маълумоти миёна одатан дар мактабҳои муддати таҳсилашон 6 сол дода мешавад (мактаби грамматикии Британияи Кабир, гимназияҳои Олмон, лицейҳои Фаронса, Италия ва ғайра.). Дар Тоҷикистон дар ҳамаи мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбхои техникӣ (охирин баробари ихтисоси коргарӣ маълумоти миёнаи умумӣ низ медиҳанд) ва мактабҳои миёнаи махсус маълумоти миёна гирифтан мумкин аст. Маълумоти олиро университетҳо, институтҳо, омӯзишгоҳҳои олӣ, баъзе коллеҷҳо ва ғайра медиҳанд, ки муддата таҳсилашон аз 4 то 6 сол аст.

Дар бисёр мамлакатҳои капиталистӣ як қисми мактабҳо ба калисо, ташкилотҳои хайрхоҳ ва шахсони алоҳида тааллуқ доранд. Дар иттиҳоди шӯъравӣ ва дигар мамлакатҳои сосиалистӣ муассисаҳои таълимӣ асосан давлатианд (баъзеашон дар ихтаёри иттифоқҳои касаба, муассисаҳои кооперативӣ ва ташкилотҳои дигар мебошанд).

Дар Тоҷикистон низоми Маданияти халқ дар асоси марказоникунонии демократӣ идора мешавад. Принсипҳои сохти Маданияти халқ, вазифаҳои асосӣ ва роҳҳои такмили ҳамаи звеноҳои системаи он дар «Асосҳои қонунгузории иттиҳоди шӯъравӣ дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба маорифи халқ» (19 июлп 1973) муайян гардидаанд. Низоми Маданияти халқ дар давлатҳои собиқ шӯъравӣ тарбияи томактабӣ, маълумоти миёнаи умумӣ, тарбияи берун аз Мактаб , омӯзиши касбҳои техникӣ, маълумоти миёнаи махсус ва олиро дар бар мегирад.

Пешрафти илму техника ва афзудани маълумоти илмӣ тақозо дорад, ки меҳнаткашон донишҳои умумӣ, умумитехникӣ ва махсусро мунтазам аз худ кунанд. Аз ҳамин сабаб дар системаи Маданияти халқӣ Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ шӯъравӣ таълими умумӣ, ғоибона, ҳар гуна шаклҳои баланд бардоштани ихтисос ва худомӯзии меҳнаткашон хеле инкишоф ёфтаанд.

Дар давлатҳои собиқ шӯъравӣ соли таҳсили 1980 бо ҳамаи намудҳои таълим бештар аз 100 млн. нафар фаро гирифта шуда буд, ки аз он ҷумла 45,2 млн. нафар дар мактабҳои маълумоти умумӣ, 4 млн. дар омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, 4,6 млн. дар техникумҳо ва дигар мактабҳои миёнаи махсус, 5,2 млн. дар мактабҳои олӣ таҳсил мекарданд. Дар мамлакат 147 ҳазор мактаби маълумоти умумӣ, 4384 мактаби миёнаи махсус мавҷуд буд. Дар панҷсолаи 10-ум 25 млн. ҷавонон мактабҳои гуногуни миёнаро хатм карданд. Дар муассисаҳои мактабии мамлакат тақрибан 4 млн. кӯдакон тарбия гирифтан. Бештар аз 4,4 ҳазор қасру хонаҳои пионерон, зиёда аз 980 стансияи техникони ҷавон, 584 стансияи табиатшиносони ҷавон, 202 стансияи экскурсионию туристӣ ва дигар муассисаҳои бачагона ба хонандагон хизмат расониданд.

Дар мамлакат 7006 омӯзпшгоҳи касобҳои техникӣ аз рӯи 1400 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Дар мактабҳои миёнаи махсус ҷавописарону духтарон аз рӯи 500 ихтисос маълумот мегиранд. Дар 883 мактабӣ олии мамлакат ҳар сол то 700 ҳазор мутахассис тайёр мекарданд. Дар мамлакат тақрибан 1,4 млн. кормандони илмӣ буданд, ки ин назар ба соли 1913 –ум 103 маротиба зиёд аст. Маданияти халқи Тоҷикистони пеш аз революсионӣ баъди ба Россия хамроҳ шудани Осиён Миёна як андоза беҳтар гардид. Баробари ғояҳои маорифпарварӣ ва демократию революционӣ мактабҳои нав низ пайдо шуданд (ниг. Мактаби русии маҳаллӣ), ки дар онҳо таълим асосан бо усули нав бурда мешуд. Меҳнаткашон қатъи назар аз он ки дар зери истисмори Россияи подшоҳӣ буданд, бо маданият, санъат ва илму маърифати пешқадами рус шинос мешуданд. Дар байни халқҳо робитаи дӯстӣ ба миён меомад.

Ин ҳамкорӣ ва дӯстӣ оқибат ба ғалабаи Револютсияи Октябр оварда расонд. Ҳоло  Тоҷикистон дар соҳаи Маданияти халқ комёбиҳои хеле калон ба даст овардааст. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ва Демократӣ бесаводӣ тамоман барҳам дода шуд ва халқи тоҷик ба маданияти мутараққӣ соҳиб гардид. Аз рӯи дараҷаи маълумоти олӣ Тоҷикистон аз мамлакатҳои Шарқи хориҷӣ ва як қатор давлатҳои Аврупои Ғарбӣ пеш гузашт.

Асоси Мактаб ва Маданияти халқи кишвар дар партави қаpopҳои Съезди 26-уми КПСС беш аз пеш тараққӣ мекунад.

Соли таҳсили 1980-1981 дар Тоҷикистон шумораи мактабҳои умумӣ ба 3100 -адад, 10 мактаби олӣ, 39 мактаби миёнаи махсус, 76 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ мавҷуд  буданд, ки бо намудҳои гуногуни таълим 1,4 млн. касро фаро гирифтаанд; аз ҷумла 1,05 млн. талаба дар мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ, 57 ҳазор нафар дар мактабҳои олӣ, 40 ҳазор нафар дар мактабҳои миёнаи махсус таҳсил карданд. Шумораи муаллимони мактабҳо ба 63 ҳазор нафар мерасид.

Дар соли 2017-ум бошад шумораи мактабҳои миёнаи умум дар Тоҷикистон ба 3764 адад омада расид, ки аз он 550 мактабҳои ибтидоӣ,  69 мактабҳои ҳатмӣ ва 2320 мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.

Нигаред низ Мактаб , Мактаби ибтидоӣ, Мактаби ҳаштсола, Мактаби миёнаи маълумоти умумӣ, Маълумоти касбҳои техникӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …