Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактабҳои фалсафӣ

Мактабҳои фалсафӣ

МАКТАБҲОИ  ФАЛСАФӢ, навъ ва шаклҳои равияҳои фалсафист (материализм ва идеализм), ки дар ҳалли масъалаи асосии фалсафа аз якдигар фарқ мекунанд ва тобишҳои гуногуни равияву мактабҳоро ифода менамоянд. Мактабҳои фалсафӣ ифодаи муборизаи дохилии равияҳои фалсафӣ, натиҷаи муборизаи байни онҳо ва инъикоси муборизаи ғоявии табақаҳои гуногуни ҷамъият мебошанд.

Фалсафа

Бузургтарин ва машҳуртарин Мактабҳои фалсафӣ инҳоянд:   Мактаби Баден, мактаби Фрейбург, равияи иртиҷоию идеалистии фалсафаи буржуазии немис, яке аз мактабҳои неокантчигӣ. Охири асри 19 ва ибтидои асри 20 аз тарафи В. Виндельбанд (1848—1915) ва Г. Риккерт (1863— 1936) таъснс гардидааст. Фалсафаи мактаби Баден таълимоти софиррационалист. Ба ақидаи пайравони мактаби мазкур илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ асосҳои комилан мухталиф доранд. Илмҳои табиатшиносӣ, ки аз мафҳумҳои умумӣ истифода менамоянд, аз оптимизм дур буда, фарду ваҳдатро сарфи назар менамоянд; илмҳои ҷамъиятшиносӣ бошад на бо қонунхои умумӣ, балки танҳо бо ҳодисаҳои ягона сару кор доранд, бинобар ин онҳо аз таъбири илмии ҳодисаҳои иҷтимоӣ оҷизанд. Намояндагони мактаби Баден назария ва таърихро ба ҳам муқобил гузошта беасос даъво мекарданд, ки ҳаёти таърихӣ ба қонуне тобеъ нест. Ин даъво чунин маънӣ дорад, ки илмҳои ҷамъиятшиносӣ аслан илм нестанд. Намояндагони ин Мактаб ба таълимоти марксистӣ дар бораи зарурати ивазшавии капитализм ба социализма зид мебаромаданд, прогресси ҷамъиятиро инкор мекарданд, социализмро на ҳамчун сохти ҷамъилтӣ, балки шиори ахлоқӣ медонистанд. Мактаби мазкур, ки душмани материализми таърихӣ мебошад, дар байни идеологҳои империализм шӯҳрату ривоҷ ёфт. Мактаби имманентӣ, фалсафаи имманентӣ, яке аз мактабҳои идеализми субъективӣ. Дар Германия нимаи дуюми асри 19 пайдо шудааст. Маҷчудияти мустақили ҳастиро нисбат ба шуур рад карда, олами объективиро мазмуни имманентии (ботинии) шуур медонад. Файласуфони мактаби имманентӣ ошкоро иқрор буданд, ки тарафдорони солипсизми махсусанд. Ба ақидаи онҳо солипсизм набояд «метафизикӣ», балки «геосеологӣ» бошад. Файласуфони имманентӣ (В. Шуппе, И. Ремке,ь A.Леклер, Р. Шуберт-Зольдерн ва диг.) дар пайравии Беркли мавҷудияти ашьё ва ҳодисаҳои олами моддиро натиҷаи идрок медонистанд. Мактаби имманентӣ қатъиян зидди илм аст. Намояндагони он ҳамфикрии худро бо эмпириокритицизм ошкоро изҳор карда, руйрост ба ҳимояи дину идеализм мебаромаданд. И. Ленин мактаби имманентиро маҳсули инқирози маданияти буржуазӣ номида, навишта буд: «имманентҳо — реакционерҳои нихоятдараҷа ашаддӣ, тарғиботчиёни ошкорон фидсизм, ҷаҳолатпарастони комил мебошанд» (Ас., ҷилди- 14, саҳифи- 242). Мактаби Иония, қадимтарин равияи материалистӣ дар фалсафаи Юнони Қадим. Дар шаҳр — давлатҳои Милет ва Эффес асри 6 пайдо шудааст. Бо табақаҳои пешқадами ҷамъияти ғуломдорӣ алоқаманд буд. Пайравони ин Мактаб дар мубориза бо ақидаҳои асотирӣ ва динии аъёну ашрофи заминдор ғояҳои соддаи материалистию диалектикиро пеш гузоштаанд. Ба ташаккули мактаби Иония маданияти Шарқ таъсири зиёд расондааст. Намояндагони ин Мактаб мекушиданд, ки зуҳуроти гуногунн оламро аз як мабдаи моддӣ нишон диҳанд: «об» (Фалес), «ҳаво» (Анаксимен), «оташ» (Гераклит). «Ҳамил тавр,—навишта буд Ф. Энгельс,— ин ҷо дар назди мо материализм» ибтидоии стихиявӣ пурра ҳувайдо мегардад» (Диалектика природы, с. 147). Диалектикаи мактаби Иония дар эътирофп робита ва нуфузи мутақобили ҳодисаҳо, тағйир ва зиддияти доимии онҳо ифода меёфт. Анаксимандр дар боби сершумори оламҳо, таъбири илмио табиии тараққиёти зволюционӣ аввалин фарзияҳо пешниҳод кард. Анаксимен аввалин шуда дар байни сайёра ва ситораҳо фарқ гузошт. Матерпализми онҳо тамоюли атеистӣ дошт. Мактаби Искандария (аз номи ш. Искандарияи Миср), 1) ба маънои маҳдуд фалсафаи яҳудии Искандарияи асри 1 то м. Бар хилофи дигар таълимоти фалсафй танқидро тарғиб менамуд, таълимотро дар бораи офариниш исбот кардани мешуд (ҷараёнҳои боқимонда азалияту абадият вa мустақилияти оламро эътироф мекарданд) , ба таъбиру тафсири Библия дар асоси методи категорияҳои равоқии афлотуниён асос ёфта буд. 2) Ба маънои васеъ — равияи фалсафаи идеалистии Юноки Қадим (асри 1 то м. — асри 6 м.). Пай доиши Мактаб натиҷаи таназзули сохти ғуломдорӣ аст. Мактаб асосан фалсафаи яҳудии Филони Искандари (соли 25 то м.—соли 40 м.) неопифагоризм, навафлотунии, инчунин мутафаккирони масеҳии Искандарияи асрҳои 2—3-ро дар бар мегирад. Мактаби Искандария ба таъбири хеле дақиқи К. Маркс «…мекушид, ки зӯран «хақиқати абадин» асотири юнонӣ ва мутобиқати пурраи онро бо «натиҷаҳои тадқиқотӣ илмӣ» исбот намояд» (Маркс К.  Энгельс Ф., Соч., т. 1, с. 99). Мактаби калбӣ, калбиюн, ҷараёни фалсафаи эклектикии Юнони Қадим, ки асри 5 то м. аз тарафн Aристофен (тақрибан 435—370 то м.) таъсис шудааст. Антисфен дар ибтидо пайраии Горгий, баъд пайрави Суқрот буда, бар зидди аъёну ашроф—аристократия мебаромад. Калбиюн бар хилофи идеалнзми Афлотун мавҷудияти ваҳдату эҳсосотро эътироф мекарданд; мафҳумҳои умумиро номи бемазмун мешумориданд. Ба муқобили мутлақ гардонидани кулл мубориза бурда, калбиюн худи фардро мутлақ месохтанд. Антисфен моддӣ будани рӯҳро қоил аст. Диогени Синопӣ (404—323 то м.) таълимоти Антисфенро тараққӣ дода камбағалӣ, зӯҳду бемаданиятиро тарғиб мекард. Менедем (асри 3 то м.) ба танқиди ахлоқи эпикурсизм диққати махсус медод. Идеали ахлоқии мактаби калбӣ беҳиссиёти, бенарвон нисбат ба сарват, шаъну шараф, никоҳ, оила, сиёсат ва ғ. буд. Мактаби Кембриҷ, афлотуниёни Кембриҷ ҷараёни фалсафаи идеалистӣ, ки ба ҳимояи дину идеализм, бар зидди материализму атеизм нигаронда шуда буд. Дар давраи Револютсияи буржуазии Англия (асри 17) пайдо шудааст. Асосгузороии мактаби Кембриҷ Р. Кедворт (1617—88) ва Г. Мор (1614—87) баъзе нуқтаҳои афлотуния, аз ҷумла таълимоти «олами ғояҳо»-и ӯро қабул карда, ғояҳоро нахустмояи мавҷудот мепиндоштанд. Ба матеркализми Ф. Бэкоп, Т. Гоббс ва физикаи Р. Деқарт ирфон, схоластика ва ҳурофотро муқобил мегузоштанд. Мор ва Кедворт фитрияти донишро эътироф мекарданд. Ба ақидаи онҳо маърифат як навъи хотира аст, «зеро ашьё сабаби маърифат набуда, ёддошти маърифат мебошад» (Мор). Ҳеҷ гуна материяи берун аз рӯҳ вуҷуд надорад; материя моддаи ғайрифаъолест, ки аз рӯҳ ҳаракат мегирад. Афлотуниёни Кембриҷ на танҳо ба муқобили Материалистони замони худ, балки бар зидди Демокрит низ мубориза бурда ақида доштанд, ки материализмро аз ибтидо нест кардан зарур аст. Онҳо ба муқобили илму материализм мубориза бурда, дар таърихи фалсафаи англис роли иртиҷоӣ бозиданд. Мактаби Кирена, киренаиҳо, ҷараёни фалсафии Юнони Қадим. Асосгузори ин Мактаб Аристипики-Киренагӣ (435—360 то м.) даъво мекард, ки ҳақиқати объективӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, бояд аз ҳаргуна кӯшиши дарки табиат ва қонунҳои он даст кашид. Пайравони мактаби Кирена дар масъалаҳои умумифалсафӣ ғояҳои идеализми субъективӣ ва шаккокия, дар масъалаи ахлоқ гедонизм (риндия)-ро тараққӣ доданд. Ба муқобили материализм ва табиатшиносӣ мубориза бурда, фақат эҳсосоти субъективиро асоси боэътнмоди маърифату ахлоқ медонистанд. Ба ин муносибат В. И. Ленип навишта буд, ки киренанҳо «эҳсосро ҳамчун принципи назарияи дониш ва ҳамчун принцини этика аралаш мекунанд» (Ас., ҷилди 38, саҳифаи 290). Мактаби Марбург, яке аз мактабҳои неокантчигӣ. Охири асри 19 дар Германия аз тарафи Г. Коген (1842— 1918) таъсис шудааст. Таҳти шиори «ба қафо, ба сӯи Кант» бо материализм ва табиатшиносии матерлалисти мубориза мебурд. Намояндагони ин Мактаб П. Наторп (1854—1924), Э. Кассирер (1874—1945) И. Кантро аз тарафи «рост» танқид карда, воқеияти объективиро маҳсули «тафаккури холис» эълон намуданд. Ҳастӣ дар ҷараёни тафаккур пайдо мешавад, вале ба воқеияти том табдил намеёбад. Ҷараёни маърифат ҳама, аммо мақсад ҳеҷ аст. Г. Коген табиатшиносии назариявӣ ва математикаро беасос ба илмҳои иҷтимоӣ муқобил мегузошт. Илмҳои иҷтимоӣ ба ақидаи ӯ дуюмдараҷаанд. Социализмро гӯё аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардан мумкин нест. Г. Коген ҳомии ашадии дин буд. Душманӣ бо материализми диалекунию таърихӣ ин мактабро ба такьягоҳи ғоявии роҳбарони иртиҷоии Интернационалӣ II (Э. Бернштейн, К. Каутский, М. Адлер) табдил дод. Дар замони ҳозира ғояҳои иртиҷоии мактаби Марбургро социалистони рост интишор медиҳанд. Мактаби машшоияи Юнон, перипатетика, мактаби шогирдону пайравони фалсафаи Арасту. Мактаби пайравони Арасту дар зарфи тақрибан даҳ аср (335 то м.— 529 м.) воситаи тавонои инкишофи илм дар Юнон буд. Дар ибтидо бисьёр шогирдони Арасту ҳамчун муаррих, табиатшинос, географ, мусиқишииосу адабиётшинос ном бароварданд. Баъди Арасту Зеофрасти Эфесӣ (372— 287 то м.) ва Стратони Лампасакӣ (305—270 то м.) сарварии мактабро ба ӯҳда доштанд. Асрҳои охир аҳли Мактаб асосан аз шореҳон, ноширон ва муҳаррирони баъдинаи Арасту (машҳуртаринаш Искандари Афродизӣ) иборат буд. Мактаби мазкур дар ташаккули ақидаҳои афлотуниён, фойсогурасиён (пифагориён) ва равоқиён нақши муайян гузоштааст. Пайравони фалсафаи Арасту дар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна бо номи аҳли машшоия машҳуранд. Мактаби Мегара, яке аз мактабҳои фалсафии идеалистии Юнони Қадим. Унсурҳои фалсафаи элсатҳо ва суфистонён (софистҳо)-ро бо этикаи Суқрот ба таври эклектикӣ махлут месохт. Ибтидои асри 4 то м. дар Мегара аз тарафи Уқлидус (Евклид, шогирди Суқрот) таъсис шуда, то асри 3 то м. вуҷуд дошт. Баъди Уқлидус мутафаккирон ва файласуфон Евбулид, Диодор, Трасимах, Крон ва Стилпон нуқтаҳои асосии мактабро инкишоф доданд. Ба ақидаи намояндагони мактаби Мегара маърифати ҳастӣ фақат ба туфайли мафҳумҳо мумкин аст. Шаҳодатн органҳои ҳис боиси гумроҳиҳост. Файласуфони ин Мактаб ҳаракат, гуногунрангии олам, гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ, ягонагии фарду хосро инкор мекарданд. Ақидаҳои худро ба воситаи сафсата ва парадоксҳо дар мубоҳиса бо мухолифонашон баён мекарданд. Раддияи ин сафсатаю парадоксҳо ба тараққии диалектика ва мантиқи атиқа мусоидат кардааст. Мактаби Милет, аз қадимтарини таълимоти фалсафаи материалистист, ки асри 6 то м. дар ш. Милети Юнони Қадим пайдо шудааст. Файласуфони Милет (Фалес, Анаксимандр ва Анаксимен) дар асоси комёбиҳои маданияти Шарқи Қадим (Миср, Финиция ва Бобулистон) аввалин фарзияҳои астрономӣ, математикӣ, физикӣ ва биологиро дар Юнони Қадим пешниҳод кардаанд. Мактаби Милет оламро организми том дониста, байни зиндаю мурда, рӯҳиёту табииёт фарқ нагузоштааст. Мактаби Милет ба тараққии баъдинаи афкори илмию фалсафии Юнони Қадим ва Аврупои асрҳои миёна таъсир расонидааст. Ба таълимоти мактаби Иония қаробат дошт. Мактаби Падуя, мактаби рушдии Италия, мактаби фалсафаи асрҳои 14—16, ки дар Италияи Шимолӣ ташаккул ёфтааст. Асосгузораш тарғиботчии фалсафаи Арасту, фалсафаи араб ва илмҳои табиатшиносӣ Пьетро д Абано (1257-1315) эътироф шудааст. Мактаби Падуя ғояхои Ибни Рушд ва рушдияро дар бораи қадимии олам, назарияи «ҳақиқати дугона», таълимот дар бораи зеҳн ҳамчун ҷавҳари рӯҳии мустақим идома дод. Ба ақидаи аҳли ин Мактаб одам махлуқ нест ва оламро бо дахолати қувваҳои фавқуттабиӣ дарк менамояд; рӯҳи фардӣ фонист. Онҳо сабабнокии ҳодисоти оламро эътироф намуда муъҷизотро рад мекарданд, ба пешрафти астрономия ва тиб диққати махсус медоданд. Намояндагони асосии мактаби Падуя Марсилийн Падуягӣ (байни 1275 —80 — 4343), Паоло Венето (1372—1429), Алессандро Акиллини (1463-1512), Элиа дель Медиго (1450—93) ва дигарон буданд. Мактаби Падуя асарҳои Арасту ва Ибни Рушдро тарҷумаю нашр кард. Мактаби равоқӣ , равоқия, бузургтарин мактаби фалсафии Юнони Қадим. Дар давраи таназзули демократияи ғуломдорӣ дар афкор ва ақидаҳои аҳли ҷамъияти Юнон тағйироти амиқ ба амал омад. Мактаби равоқия ифодакунандаи ин ақидаҳо буд. Ба ақидаи равоқиён зиддият ва душвориҳои ҳаётро тавассути фаъолияти сиёсӣ ва мубориза барҳам задан имконнопазир аст, зеро фард қобил нест, ки ба сохти олами мавҷуда рақобат кунад. Аз ин рӯ, вазифаи фалсафа аз ташхиси асли рафтори шахс иборат мебошад. Асосгузори ин Мактаб Зенони Китионӣ (336—264 то м.) буд. Дар давраи Хрисиппи Киликӣ (281—205 то м.) равоқия ҳамчун таълимоти том ташаккул ёфт. Равоқия космополитизмро пеша карда, давлати ҷаҳониро орзу дошт. Баъзе равоқиён баробарии умумии мардум, барҳам задани моликияти хусусӣ, манъи пулро тарғиб мекарданд. Дар таълимоти равоқия фалсафа ба се фасл— физика, этика, мантиқ ҷудо мешуд. Барои равоқиёни аввали баъзе тахминҳои диалектикӣ хос аст: онҳо табдилу тағйири ҳаводис ва ашьёро эътироф мекарданд. Аммо ба логоси Гераклит маънои «рӯҳи мутлақро нисбат медоданд ва фалсафаи онҳо ҷанбаи қазоӣ (фаталисӣ) дошт. Назарияи маърифати равоқияи ибтидоӣ аз тамоюлоти материалистӣ холӣ нест. Чунончи, тасаввуротро ҳамчун нақши ашьё дар рӯҳ мефаҳмиданд. Равоқиён баъзе нуқтаҳои мантиқро тараққӣ дода, мантиқро бо илми баён (риторика) ва грамматика наздик мекарданд. Минбаъд тамоюлоти материалистӣ таназзул карда, мактаби равоқӣ иртиҷоитарин ҷараёни фалсафаи идеалистии, ҷамъияти ғуломдорӣ гардид. Миёнаи асри 2 то м. ғояҳои равоқӣ ба Рим роҳ ёфтанд. Дар инкишофи мактаби равоқия дар Рим устоди равоқиёни Рим Понецийи Родосӣ (185— 110 то м.) мақоми махсус дошт. Ба қавли шогирди Понеций — Муцин Сцевола ақидаҳои фалсафӣ бояд барои халқ ниҳон бошанд. Дар байни омма бояд ҳурофот ҳукмфармо бошад, зеро гумроҳии авом аз фонди холӣ нест. Ақидаи шоирон, файласуфон ва ҳомиёни дин роҷеъ ба худоҳо мухталиф аст. Аз таълимоти шоирон ва файласуфон дар бораи худо (таълимоти табиӣ) бояд сарфи назар кард. Эътирофи дини давлатӣ аз тарафи умум ҳатмист. Мактаби равоқии Рим бо афлотуния қаробат пайдо карда, комилан таълимоти иртиҷоӣ, динию идеалистӣ гардид. Таълимоти намояндагони баъдинаи равоқии Рим — Люций Анней Сенека (таваллуд байни соли 6 ва 3 то м.—вафот 65 м.), Эпиктет (тақрибан 50 — тақрибан 138) ва император Марк Аврелий Антонии (121—180)-ро рӯҳияи ноумедӣ, эътиқод ба қувваи тақдир, нобоварӣ, муросокорӣ бо истисмор, зулми иҷтимоию сиёсӣ фаро гирифта буд. Равоқияи баъдина шиддати муборизаҳои синфиро паст, «дӯстии» ҳамаи одамонро, сарфи назар аз мансубияти синфиашон тарғиб карда, сохти ғуломдориро ҳақ мебаровард. Мактаби Франкфурт, мактаби фалсафа ва социологияи муосири немис. Солҳои 30—40 асри 20 аз тарафи профессори М. Хоркхаймер (1895—1973) таъсис шудааст. Баъди ҳиҷрати Хоркхаймер ба ИМА дар Женева, Париж ва Университети Колумбияи ИМА интишор ёфт. Намояндагони асосиаш — Т. Адорно (1903—69), Г. Маркузе (1898—1979), Ю. Хабермас (тавваллуд 1929). Органи асосии Мактаб журнали «Zeitschrift fiir Sozialforschung» («Журнали тадқиқотҳои иҷтимоӣ», 1932—41) буд. Taҳти «Назарияи танқиди ҷамъият» баъзе ҷиҳатҳои таълимоти К. Марксро бо ғояҳои Г. Гегель ва 3. Фрейд (1856—1939) омехтанӣ мешуд. Дар таълимоти мактаби Франкфурт масъалаи ғайрият масъалаи асосӣ мегардад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зиддиятҳои байни пайравони Мактаб , алалхусус байни Э. Фромм (1900— 1980) ва Маркузе хеле тезутунд гардида, аксар намояндагони ҷавони мактаби Франкфурт аз ғояҳои ибтидоии он дур шуданд. Дар натиҷаи ин зиддиятҳо ибтидои солҳои 70 Мактаб пароканда шуд. Ба тараққии фалсафа ва социологияи ғайримарксистӣ таъсир расондааст. Мактаби шотландӣ ё фалсафаи «ақли солим», мактаби фалсафаи идеалистӣ, ки нимаи дуюми асри 18 рӯҳонӣ ва файласуфи шотландӣ Т. Рид (1710—1796) таъсис кардааст. Т. Рид дар асарҳои «Тадқиқот доир ба нафси инсон тавассути ақли солим» (1763) ва «Таҷриба доир ба қобилияти фикрӣ» (1785) бар зидди шаккокияи Д. Юм. ва идеализми субъективии Ҷ Беркли баромад, вале ба мавқеи материализм нагузашт. Ӯ ба туфайли «эътиқод», «идроки бевосита» мақоми эҳсосотро дар маърифати олам рад карда, умуман бар зидди сенсуализм (аз ҷумла сенсуализми Ҷ. Локк) мебаромад. Ба ақидаи Т. Рид, ҷараёни маърифати ашьё на ба эҳсосот, балки ба маълумоти ибтидоии шуур асос ёфтааст. Ғайр аз эҳсосот идроки бевосита вуҷуд дорад, ки тавассути он дар бораи мавҷудияти ашьё хулоса баровардан мумкин аст. Т. Рид муҳокимаҳои ибтидоиро аз аксиомаҳои мантиқию математикӣ («ҳаққонияти ақли солим», «принципҳои ғариза», «принципҳои эътиқоди инсонӣ» ва ғ.) ҷудо кардааст. Намояндагони мактаби шотландӣ — Ҷ. Битти (1735—1803), Ҷ. Освальд (вафот 1793) Д. Стюарт (1753—1827), У. Гамильтон (1788— 1858) ва дигарон таълимоти фалсафии Т. Ридро пайравӣ ва эътиқод ба худоро ғаризаю маҳвнопазир эълон кардаанд. Фалсафаи «ақли солим» дуалистист. Дар қатори эътирофи воқеияти объективӣ мавҷудияти ҷавҳари махсуси рӯҳӣ ва идеяҳои фитриро низ қоил аст. Мактаби шотландӣ салафӣ бевоситаи утилитаризм ва прагматизм буд. Мактаби Элей, мактаби фалсафаи идеалистии охири асрҳои 6—5 то м. Дар ш. Элейн ҷануби Италия аз тарафи Ксенофани Колофонӣ (573 ё 565— 473 то м.) таъсис шудааст. Таълимоти Ксенофанро файласуф ва ходими сиёсии Элей Парменид (таваллуд 540 то м.) идома дод. Нуқтаҳои асосии фалсафаи Элей дар асари Парменид «Дар бораи табиат» ифода шудаанд. Парменид тафаккурро ба дарки ҳиссӣ муқобил мегузошт, фикр ва ҳастиро омехта, нестию халоъ ва дар ин асос ҳаракатро инкор кард. Шогирд ва пайрави Парменид Зенони Элейн (таваллуд тақрибан 500 то м.) таълимоти Парменидро инкишоф дод. Элеатҳо идеологҳои аристократияи иртиҷоӣ, мухолифони материализму диалистикаи мактаби Милет ва Гераклит буданд. Таълимоти элеатҳо якхела нест: дар таълимоти Ксенофан тамоюлоти материалистӣ мушоҳида мешуданд. Дар ақидаи Парменид идеализм ҳукмфармо буд. Дар таълимоти Зенон ҷанбаи идеалистии фалсафаи элеатҳо комилан ошкоро зоҳир гаштааст. Мелисс (асри 5 то м.) таълимоти Парменидро инкишоф дода, бар хилофи ӯ оламро на танҳо дар замон, балки дар макон низ беохир медонист. Ақидаҳои идеалистии элеатҳоро давомдиҳандагони анъанаи милетиҳо ва Гераклит — материалистони асри 5 рад карданд. Мактаби Элидаю Эретрия, мактаби фалсафаи идеалистии Юнони Қадим (асрҳои 4—3 то м.), ки ба мактаби Мигара қаробат дорад. Асосгузораш — шогирди Суқрот Федони Элидӣ. Дар ибтидо бо номи мактаби Элида маъмул гаштааст. Аз давраи Менедем (тақрибан 352—278 то м.) ва Асклепиад шогирдони Стилпон номи мактаби Элидаю Эретримро гирифт. Таълифоти намояндагону пайравони Мактаб то замони мо боқӣ намондааст. Ин Мактаб нисбат ба таълимоти мегариҳо ғояҳои тоза дохил накардааст. Ба ақидаи пайравони Мактаб хосияти умумии ашьё мустақил вуҷуд надошта, балки дар ашьёи алоҳидан конкретӣ зоҳир мегарданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …