Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТАЪРИХИ ШОХРУХӢ»

«ТАЪРИХИ ШОХРУХӢ» «асафи Муллониёзмуҳаммад, ки ба таърихи Хонии Хӯқанд (1709—1910) оид буда, воқеаҳои то соли 70-уми асри 19-ро дар бар мегирад. «Таърихи Шоҳрухӣ» дар дохили матни «Таворихи Шоҳрухия» (ба номи Шоҳрухбий — асосгузори Хонии Хуқанд), дар сарсухани баъзе нусхаҳо «Таърихи Саидмуҳаммад Худоёрхон» номида шудааст. Китоб ба забони тоҷикӣ навишта шуда, …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ШАЙХ УВАЙС»

«ТАЪРИХИ ШАИХ УВАЙС» асари таърихии Абӯбакри Қутбӣ (нимаи якуми асри 14 дар Озарбойҷони Эрон зиндагӣ кардааст), ки ба султони Ҷалопоиён Шайх Увайс (ҳукмронӣ 1355—74) бахшида шудааст. «Таърихи Шайх Увайс» аз 2 қисм иборат аст. Қисми аввал ба таърихи давраи тоисломӣ оид буда, аз 4 боб (Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён) …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ФАХРӢ»

«ТАЪРИХИ ФАХРӢ» номи пуррааш «Мунъат-ул-фузало фӣ таворих-ил-хулафо ва-л-вузаро», асари Сафуддин Муҳаммад ибни Алии маъруф ба Ибни Тақтақо, ки соли 1302 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Таърихи Фахрӣ» аз ду боб — боби аввал тарзи мамлакатдории подшоҳонро баён карда, боби дуввум таърихи хукмронии сулолаҳои Фотимиён, Оли Буя, Салҷуқиён ва таърихи халифаҳои …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ»

«ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ» (бо номҳои «Рисолаи таърихи афғониёи», «Таърихи афғонӣ», «Махзани афҒОНӢ» низ машҳур аст), асари таърихии муаррихи форс-тоҷик Неъматуллоҳ ибни Ҳабибуллоҳи Ҳиравӣ, ки солҳои 1612—13 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб аз муқаддима, ҳафт боб ва хотима иборат аст. Муқаддима ба таърихи Яъқуб ва авлоди ӯ, …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА»

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА» асари таърихию ҷуғрофии Муҳаммадқосим Ҳиндушоҳи Астарободии мулаққаб ба Фаришта (асри 17). Дар сарчашмаҳо бо унвони «Гулшани Иброҳимӣ» низ омадааст. Тафсилоти ҷараёни зиндагии муаллифаш маълум нест. Аз рӯи баъзе маълумотҳо тақрибан соли 1552 дар шаҳри Астаробод (Эрон) таваллуд ёфта, дар овони бачагӣ бо падараш Ғуломалии Ҳиндушоҳ ба Ҳиндустон рафтааст. …

Муфассал »