Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТАЪРИХИ ҲИРОТ»

«ТАЪРИХИ ҲИРОТ» (номи пуррааш «Равзат-ал-ҷаннот фи таърихи мадинат-ил-Ҳирот»), асари муаррих, шоир ва хаттоти форс-тоҷик Муинуддин Муҳаммади Исфизорӣ, ки ба таърихи шаҳри Ҳирот (аз рӯзҳои аввали пайдоишаш то соли 1470) оид аст. Асар солҳои 1401—94 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, ба султон Ҳусайни Бойқаро бахшида шудааст. «Таърихи Ҳирот» аз 26 равза …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҚУМ»

«ТАЪРИХИ ҚУМ» номҳои «Кито би Қум» ва «Қумнома» низ машҳур аст), асари таърихии муаррихи форс-тоҷик Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Қуммист (вафот 1015), ки солҳои 988—989 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Асли арабии китоб то ҳол пайдо пест. Солҳои 1402—04 Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан Абдумалики Қуммӣ ном муаррихи форс-тоҷик …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ»

«ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ» асари муаррих Хоҷамқӯлибеки Балхӣ ибни Қипчоқхон, ки ба таърихи умумӣ оид аст. Қипчоқхон солҳои 1695—96 дар Ҳиндустон буд. Соли 1713 дар Лоҳур бо ҳокими маҳаллӣ Абдуссамадхон қаробат пайдо карда, солҳои 1719—22 асари худро таҳти унвони «Таърихи Қипчоқхонӣ» таълиф намуд. Таърихи Қипчоқхонӣ» аз муқаддима, 5 боб ва хотима иборат …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ЯЪҚУБӢ»

«ТАЪРИХИ ЯЪҚУБӢ» асари муаррих ва ҷуғрофидони араб Яъқубӣ, ки солҳои 70 асри 9 таълиф шудааст. «Таърихи Яминӣ» хулосаи воқеаҳои ҷаҳонро (аз офариниши олам то соли 872) дар бар гирифтааст. Асар аз ду қисм иборат буда, қисми аввал ба давраи тоисломӣ ва қисми дуюм ба давраи исломӣ оид аст. Муаллиф воқеаҳоро …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ЯМИНӢ»

«ТАЪРИХИ ЯМИНӢ» асари Абӯнасри Утбӣ, ки солҳои 1020 —21 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин асар ба Яминуддавла — султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва падари ӯ Сабуктегин бахшида шудааст ва барои ҳамин ҳам «Таърихи Яминӣ» унвон гирифтааст. Мавзӯи асосии «Таърихи Яминӣ» воқеа ва рӯйдодҳои таърихи давраи Ғазнавиён аст. Муаллиф номи шоҳону …

Муфассал »