Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚӢ ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ

1021304545

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚӢ ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ (то соли 1940 Театри мусиқи ва аз соли 1958 драмаи мусиқии ба номи Рӯдакӣ), коллективи эҷодӣ, ки соли 1996 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати шаҳр ташкил ёфт. Аввалин артистони театр —Ғ. Ғуломалиев, Б. Карамхудоев. Г. Қадамшоева, Д. Бекова, А. Ибодуллоеаа, Қ. Ноёбшоев. …

Муфассал »

ТАЪРИХШИНОСӢ – историография

tarix

ТАЪРИХШИНОСӢ историография, 1) таърихи илмҳои таърих, маҷмӯи асарҳои тадқиқотие, ки ба ягон мавзӯи муайян ё давраи таърихӣ (масалан, таърихи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октяюр) бахшида шудаанд ё маҷмӯи асарҳои таърихие, ки аз ҷиҳати иҷтимоию синфӣ ё миллӣ муттаҳиданд (масалан, Таърихшиносии марксистӣ, Таърихшиносии франсавӣ); 2) як соҳаи илмро номанд, ки таърихи илми …

Муфассал »

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»(исми пуррааш: «Ал-Комил-фӣ-ин таърих»; бо номҳои «Комил-ут-таърих», «Ал-Комил» ва «Комид» низ меояд), асари Азуддин Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Асир, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ин асар аз 12 ҷилд иборат буда, дар он таърихи олам, хусусан таърихи муфассали мамлакатҳои исломӣ аз давраи қадим то соли …

Муфассал »

«ТАЪРИХОТ»

«ТАЪРИХОТ» маҷмӯи санаҳои воқеаҳои гуногуни таърихӣ. Мураттаб ва нусхабардораш шоири миёнаи асри 19 Бухоро Мулло Ҳусайн Махдум Бетолеъ. Солҳои нусхабардорӣ—1838—39. «Таърихот» дар бораи солҳои1590—91 (дар аҳди Абдуллоҳхони II), Бадахшонро (солҳои 1344—45) забт кардани Комрон ибни Бобур, сохта шудани масҷиди Ҳирот (аз тарафи Навоӣ), бино шудани бозори Чорсуи Бухоро (аз тарафи …

Муфассал »

«ТАЪРИХНОМАИ ҲИРОТ»

«ТАЪРИХНОМАИ ҲИРОТ» «Таърихи мулуки Курт», асари таърихии Сайфии Ҳиравӣ ки дар байни солҳои 1321— 29 таълиф шудааст. Аабаски қисми асосии асар ба таърихи ҳукмронии сулолаи Куртҳои Ҳирот оид аст, онро «Таърихи мулуки Курт» низ меноманд. «Таърихномаи Ҳирот» бо супориши ҳокими Ҳирот Ғиёсуддинн Курт (ҳукмронӣ 1308—29) таълиф шуда, воқеаҳои таърихиро то …

Муфассал »