Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕЙЛОРИЗМ

teylorizm

ТЕЙЛОРИЗМ, системаи ташкили капиталистии меҳнатро гӯянд, ки мақсадаш бо роҳи ниҳоят баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат даромади зиёд гирифтан аст. Он ба тақсими амиқи меҳнат ва рафтори оқилона ба кор асос ёфтааст. Инженери америкоӣ Ф. У. Тейлор (1856— 1915) пешниҳод карда буд. Усули нормиронии меҳнат дар Тейлоризм аз рӯи ба ҳисоб …

Муфассал »

ТЕЙЛОР Ҷефри Инграм

ТЕЙЛОР (Тауlоr) Ҷефри Инграм (7. 3. 1886, Лондон —27. 6. 1975, Кембриҷ), олими англис дар соҳаи механика. Тейлор оид ба назарияҳои дислокация, турбулентият, динамика, таркиши ядроӣ ва ғайра тадқиқот бурд. Аэродинамикаи самолёт ва парашют, шороиши қарибуссадоии ҷисмҳо, мавҷҳо дар моеъ, масъалаҳои метеорология, масъалаи шиноварин микроорганизмҳо ва ғайраро омӯхт. Аъзои хориҷии …

Муфассал »

ТЕЙЛОР Брук

teylor

ТЕЙЛОР (Тауlоr) Брук (18. 8. 1685, Эдмонтон, Мидлсекс —29. 12 1731, Лондон), математики англис, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон (1712). Соли 1712 барои амали ба қатори дараҷагӣ паҳн намудани функцияҳо формулаи умумӣ ёфт (нигаред Қатори Тейлор). Тейлор ба омӯзиши математикии масъалаи лапиши тор ибтидо гузошт: назарияи тафриқаҳои боинтиҳоро таҳия сохт. У …

Муфассал »

ТЕЙЛЕРИЯҲО

theileria-blood-tw

ТЕЙЛЕРИЯҲО (Тheileria), як ҷинси соддатаринҳои паразитро гӯянд. Ба сшгфп Тheleridae мансуб аст. Тейлерияҳо дар ҳуҷайраҳои системаи ретикулию эпдотелӣ ва эритроцитҳои ҳайвонот паразитӣ мекунад. Намудҳои гуногуни тейлерияҳо бемории тейлерионро ба вуҷуд меоранд. (Масалан, дар бузу гӯсфанд). Ҳомил ва паҳнкунандаи тейлерияҳо канаи иксодист. Тейлерияҳо дар организмҳои ҳайвоноти гармхун солҳои дароз ва дар …

Муфассал »

ТЕИЗМ

ТЕИЗМ (аз юнонӣ theos —худо), таълимоти динию фалсафиест, ки худоро ҳастии мутлақи фавқуттабиӣ пиндошта, онро холиқ ва омири тамоми матҷудот модонад. Фарқи теизм аз пантеизм дар он аст, ки теизм фавқуттабии будани худоро эътироф мекунад. Теизм худоро ҳамчун манбаи ҳастии ҳамаи ашё ва тағйироти олами моддӣ дониста, дар айни ҳол …

Муфассал »