Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕЛЕВИЗОР

tvv

ТЕЛЕВИЗОР (аз теле… ва лотинӣ vizo — мебинам), приёмники телевизионӣ, олатест барои тақвия ва ба тасвиру овоз табдил додани радиомавҷҳои барнамаи намоишҳои стансияи телевизионӣ. Телевизионҳои ранга ва муқаррарӣ, стасионарӣ ва сайёр мешаванд. Телевизорҳое, ки саноати СССР истеҳсол мекунад, дар диапазонҳои метрӣ (48,5—400 МГц ва 174—230 МГц; 12 то канал) ва …

Муфассал »

ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА

tv

ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА, соҳаи теловизиоиро гӯянд, ки барои ирсол, қабул ва намоиши тасвирҳои ранга таъин шудааст. Принципи ирсоли тасвирҳои ранга ба назарияи се унсураи босираи ранга асос ёфтааст. Мувофиқи он ашколи табииро бо ёрии 3 ранги асосӣ (сурх, сабз, кабуд) тасвир намудан мумкин аст. Дар системаҳои телевизиони ранга барои ба вуҷуд …

Муфассал »

ТЕЛЕВИЗИОН

tv

ТЕЛЕВИЗИОН (аз теле… ва лотинӣ vizo—мебинам), як соҳаи илмутехника ва маданиятро гӯянд, ки ахбори аёнӣ (тасвирҳои ҳаракат кунанда)-ро тавассути олоти радиоэлектронӣ ба масофаи муайян ирсол менамояд. Аслан услуби худи ирсолро телевизион меноманд. Телевизион баробари радиошунавонӣ аз оммавитариш воситаҳои ‘нақлп ахбор (сиёсӣ, маданӣ, илмию маърифатӣ, таълимӣ) ва яке аз олатҳои асосии …

Муфассал »

ТЕЛЕАНДОЗАГИРӢ – телеметрия

teleandozagiri

ТЕЛЕАНДОЗАГИРӢ, телеметрия, дар масофаи истода чен кардани бузургиҳои физикиеро гӯянд, ки амалиёти техникӣ, ҳодисаи табиат ё ҳолати организми зиндаро ифода мекунанд. Натиҷаҳои андозагирӣ бо каналҳои алоқа ба индикаторҳо, олоти сабт ё ҳисобмошини электронӣ автоматӣ ирсол мешаванд, Нигаред низ Телемеханика.

Муфассал »

ТЕЛЕ…

ТЕЛЕ… /(юнонӣ (tele —дур), қисми таркибии калимаҳои мураккабест, ки ба дурӣ, таъсир ба масофаи дур (масалан, телевизион, телетайп ва ғайра)- ро ифода мекунад.

Муфассал »