Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕЛЕИДОРА

years-of-radio-102

ТЕЛЕИДОРА, бо асбобҳои телемеханика аз масофа идора карданро гӯянд; як фасли телемеханика аст, ки ҷараёни ирсоли амри идораро ба масофаи муайян, табдил ва таъсири онро ба объекти идора дар бар мегирад. Ҳар як объекти дар сиютемаҳои телемеханики (СТМ), одатан бо ду ҳолат (масалан, «кушода- пӯшида», «васлшуда-васлношуда») тавсиф мешавад. Бинобар он …

Муфассал »

ТЕЛЕГРАФИЯ

telegraf

ТЕЛЕГРАФИЯ, як соҳаи илм ва техникаро гӯянд, ки тарзҳои сохтусози алоқаи телеграфӣ, услубҳои ирсоли сигналҳои телеграфӣ ва таҷҳизоти алоқаи телеграфӣ, инчунин сифати интиқоли информацияро тавассути каналҳои телеграфӣ меомӯзад. Телеграфия ба қисмҳои зерин (мувофиқи вазифаҳои асосиаш) ҷудо мешавад:        кодҳои телеграфӣ (ҳангоми ирсолу қабули информация ба сигнали электрӣ табдил додани ҳарфу рақам …

Муфассал »

ТЕЛЕГРАФ

telegraf

ТЕЛЕГРАФ (аз теле… ва лотинӣ grapho— менависам), 1) номи мухтасари алоқаи телеграфист; 2) муассисаи алоқаро гӯянд, ки бо ирсол, қабул ва ба соҳибаш расонидани телеграммаҳо машғул аст; бо дигар телеграфҳои мамлакат алоқаи бевосита дорад.

Муфассал »

ТЕЛЕГРАММА

telex_strah

ТЕЛЕГРАММА (аз теле ва юнонӣ— ҳарф, навиштан), ахбори ҳуҷҷатиест, ки бо телеграф фиристода мешавад. Телеграммаро аз аҳолӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳо муассисаҳои алоқа қабул мекунанд. Телеграмма дохилӣ (дар дохили як мамлакат) ва байналхалқӣ мешавад. Телеграммаҳои дохилӣ дар навбати худ ду хеланд: маҳаллӣ ва байнишаҳрӣ. Мувофиҳи марҳалаи таҳлил Телеграммаҳои махориҷӣ транзитӣ ва …

Муфассал »

ТЕЛЕГДИ Жигмуyд

ТЕЛЕГДИ (Тelegdi) Жигмуyд (таваллуд 1909), эроншиноси маҷор. Дар Университетҳои Будапешт, Вроцлав ва Париж илмҳои эроншиносӣ, сомишиносӣ ва туркшиносиро аз худ кард. Мудири кафедраи забоншиносии Университети Будапешт (аз соли 1058). Телегди  ба тадқиқи грамматика аз лексикаи забонҳои ҳозираи форсӣ ва тоҷикӣ, инчунин форсии миёна, суғдӣ ва масъалаҳои забоншиносии умумӣ машғул аст. …

Муфассал »