Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕОДОРАКИС Микис

teodorakis

ТЕОДОРАКИС Микис (таваллуд 29. 7. 1925, ҷазираи Хиос), композитор ва ходими ҷамъиятию сиёсии Юнон. Иштирокгари Ҳаракати муқобилат. Соли 1950 Консерваторияи Афинаро хатм намуда, солҳои 1953—59 дар Консерваторияи Париж маҳораташро такмил додааст. Аз соли 1959 дар Юнон. Депутати парламент аз Партияи ягонаи демократист (1964 —67). Соли 1967 баъди табаддулоти ҳарбӣ ҳабс …

Муфассал »

ТЕОДОЛИТ

teodolit

ТЕОДОЛИТ, асбоби геодезист барои чен кардани кунҷҳои уфуқӣ (горизонталӣ), амудӣ (вертикалӣ) ва муайян намудани самтҳо ҳангоми суратгириҳои топографӣ, геодезӣ ва маркшейдерӣ. Асоси теодолитро доираҳои горизонталӣ ва вертикалие ташкил медиҳанд, ки дорои тақсимоти дараҷавидан. Теодолит бештар бо олоти гуногун (ориентир — буссол, маркаи визирӣ, масофасанҷи оптикӣ ва ғайра) ҷиҳозонида мешавад. Теодолитҳо …

Муфассал »

ТЕНОР

tenor

ТЕНОР (италиявӣ tenore, аз лотинӣ teneo — медорам), 1) овози мардонаи баландро гӯянд. Меъёр (диапазонаш аз до-и октаваи якум то ля-и октаваи дуюм. Тенор лирикӣ ва драмавӣ мешавад. Тенор аз ҷиҳати темори овозӣ мулоим буда, оҳангро форам ва сабук ба самъ мерасонад. Тенори драмавӣ аз лирикӣ бо он фарқ мекунанд, …

Муфассал »

ТЕОДИЦЕЯ

ТЕОДИЦЕЯ (франсузӣ thodicee — ҳақ баровардани худо, аз юнонӣ  — худо ва dike – адолат), номи умумии таълимотҳои динию фалсафиест, ки ғояи худои хайру муқтадирро бо ғояи шарри ҷаҳонӣ созгор карданӣ мешуд.

Муфассал »

ТЕННИС

tennis

ТЕННИС, лаун-теилис (англисӣ — марғзор, алафзор ва tennis, эҳтимол, аз Фоавсавӣ tеnеz — апа ба шумо, бигиред), як навъ бозии спортист. Ҳариф бо ракетка тӯбчаро мезанад ва аз болои садди тӯрӣ метузаронад, ҳарифи дигар онро ба ракетка бармегардонад. Агар тӯпча ба замин афтад, ҳарифе, ки зада гардонда натавонист, бохта ҳисоб …

Муфассал »