Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕОРЕМАИ АКС

ТЕОРЕМАИ АКС, теоремаеро гӯянд, ки шарташ хулосаи теоремаи ибтидоӣ (роста) буда, хулосааш шарти он аст. Теоремаи ибтидоӣ баръакси теоремаи акс мебошад. Масалан, теоремаҳои: «агар ду кунҷи секунҷа баробар бошанд, он гоҳ биссектрисаи онҳо ба ҳамдигар баробаранд» ва «агар ду биссектрисаи секунҷа баробар бошанд, он гоҳ кунҷҳои мувофиқ ба ҳам баробаранд» …

Муфассал »

ТЕОРЕЛЛ Аксель Хуго Тиодор

teorell

ТЕОРЕЛЛ Аксель Хуго Тиодор (6. 7. 1903, Линчёнинг), биохимики швед, президёнти Академияи Фанҳои миллии Швеция (1967—69), аъзои Академияи Фанҳои миллии ШМА, Ҷамъияти шоҳии Лондон (1959) ва ғайра. Президенти Иттифоқи байналхалқии биохимикон (1967—73). Инситути тиббии Каролинро дар Стокгҳолм хатм намуда (1930), дар ҳамон ҷо кор кардааст. Директор, професоор ва мудири шӯъбаи …

Муфассал »

ТЕОРЕМА

ТЕОРЕМА (юнонӣ theoremma, аз theoreo— муоина, тадқиқ) дар математика, ҷумла ё қазияеро гӯянд, ки зимни исбот муқаррар мешавад (бар хилофи аксиома). Ҳар як, теорема аз шарт ва хулоса иборат аст. Масалан, 1) агар хати рост ба яке аз ду ҳамвориҳои параллел перпендикуляр бошад, он гоҳ вай ба ҳамвории дуюм ҳам …

Муфассал »

ТЕОЛОГИЯ

ТЕОЛОГИЯ (аз юнонӣ theos — худо ва …логия), худошиносӣ, нигаред  Илоҳиёт.

Муфассал »

ТЕОКРАТИЯ

teokratiya

ТЕОКРАТИЯ (аз юнонӣ худо ва ҳокимият), як шакли давлатдориест, ки сардори давлат (одатан давлати монархистӣ) дар айни замон пешвои дин буда, «сояи худо дар замин» ва «рӯҳонии поку муқаддас» хонда мешавад. Қонунҳои асосита теократия каломи муқаддас, шарист ва иродаву хости роҳбарони дин шуморида мешуданд. Дар асрҳои миёна дар Шарқ низ …

Муфассал »