Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕРМОГРАФ

termograf

ТЕРМОГРАФ (аз термо… ва …ераф), асбоби метеорологиест, ки тағйири ҳароратро ба таври автоматӣ сабт мекунад. Тарзи кори термограф ба деформация шудани пластинка (лавҳача)-и биметаллии элементи ҳассос ва тағйири ҳарорати ҳаво асос ёфтааст. Тағйири ҳарорат дар лентаи коғазии асбоби худнавис ба қайд гирифта мешавад. М. Ҳотамов.

Муфассал »

ТЕРМО…

ТЕРМО… (гармӣ), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба гармӣ, ҳарорат мансубанд (масалан, термодинамика, термометр, термопара ва ғайра)

Муфассал »

ТЕРМИТҲО

termitho

ТЕРМИТҲО як гурӯҳ ҳашаротро номанд, ки ба нонхӯракҳо ва гаҳвораҷунбонҳо монанданд. Термитҳо одатан якҷоя (аз садҳо то якчанд млн) шуда зиндагӣ мекунанд; ҳар як гурӯҳ аз термитҳои нарина ва термитҳои модина («ҷуфти шоҳона»), «аскар»ҳои калону хурд ва коргар»-ҳо иборат аст. Қисми бисёри оила аз «коргарҳо» иборатанд, ки онҳо аъзоёнро бо …

Муфассал »

ТЕРМИНОЛОГИЯ

zabon

ТЕРМИНОЛОГИЯ (аз лотинӣ (низ — ҳад, ҳудуд ва …логия), истилоҳот, истилоҳшиносӣ, маҷмӯъ (систсма)-и истилоҳи соҳаи муайяни илм, техника, истеҳсолот, сазюат, касбу ҳунар, фаъолияти ҷамъиятиро гӯянд, ки бо мафҳумҳои гуногун алоқаманданд. Ба маънои том терминология як соҳаи лексикология аст, ки қонуниятҳои ташаккулу такомули истилоҳотро меомӯзад. Манбаи ташаккули терминологияи мамлакатҳои Шарқи Миёна …

Муфассал »