Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕРМОРЕГУЛЯТОР

1021401705

ТЕРМОРЕГУЛЯТОР (аз термо… ва руси регулятор — танзима), таҷҳизотеро гӯянд, ки барои ба таври автоматӣ дар саннаи муайян нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино, зарф, трубопровод, кӯра ва дигар объектҳо таъин шудааст. Терморегуляторҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат, хоҷагии қишлоқ, лабораторияҳои назоратӣ ва тадқиқоти илмӣ истифода мешаванд. Онҳо асосан аз унсурҳои зерин …

Муфассал »

ТЕРМОРЕЗИСТОР

termorezistor

ТЕРМОРЕЗИСТОР, термистор, резистори нимноқилиест, ки муқовимати электриаш баробари афзудани ҳарорат кам ё зиёд мешавад. Терморезисторро дар асбобҳои иқтидорсанҷ, таҷҳизоти ҳароратсанҷу ҳарораттанзимкунанда ва ғайра истифода мебаранд.

Муфассал »

ТЕРМОПАРА

termopara

ТЕРМОПАРА, унсури гарми ҳассоси асбобҳои ҳароратсанҷ, системаҳои идора ва вазоратро гӯянд; аз ду элементи гуногунҷинсаи алектргузарон (одатан ноқилҳои металлӣ, баъзан нимноқилҳо)-и ҳамвасл иборат аст. Тарзи кори Термопара ба ҳодисаи Зеебек асос ёфтааст. Агар ҳарорати контактҳои элементҳои электргузарон (онҳоро бештар термоэлектрод меноманд) гуногун бошад, дар Термопара ҚЭҲ (ҚЭҲ-и термикӣ) ба вуҷуд …

Муфассал »

ТЕРМОПЛАСТҲО

ТЕРМОПЛАСТҲО, полимерҳои термопластӣ, пластмассаҳоеро, гӯянд, ки ҳангоми коркарди онҳо реакцияи химиявии сахтшавии полимер ба амал намеояд ва модда хусусияти гудохташавӣ ва ҳалшавии худро нигоҳ медорад. Термопластҳоро бештар аз полиэтилен, поливинилхлорид ва полистирол истеҳсол мекунанд.

Муфассал »

ТЕРМОМЕТРИЯ

termometr

ТЕРМОМЕТРИЯ (аз термо… ва …метрия), як фасли физикаи амалиро гӯянд, ки таҳияи усӯлу воситаҳои чен кардани ҳароратро меамӯзад. Термометр як фасли метрология низ ба ҳисоб меравад: он масъалаҳои ягонагӣ ва саҳеҳияти ченкуниҳо, муқаррар намудани шкалаҳои ҳарорат, сохтани эталонҳо, дарёфти усулҳои дараҷабандӣ ва санҷиши асбобҳои ҳароратсанҷро дар бар мегирад. Ҳароратро бевосита …

Муфассал »