Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕРМОФИЛҲО

termofilho

ТЕРМОФИЛҲО (аз термо… ва юнонӣ Phileo — дӯст медорам), организмҳоеро гӯянд, ки дар ҳарорати зиёда аз 450С (барои аксари мавҷудоти зинда марговар аст) зиндагӣ ва афзоиш мекунанд. Ба қатори Термофилҳо баъзе моҳиҳо, бемӯҳраҳо (кирм, ҳашарот, нармбаданҳо), микроорганизмҳо ва растаниҳо дохил мешаванд. Термофилҳо дар чашмаҳои гарм, қабатҳои болоии аз офтоб гармшавандаи …

Муфассал »

ТЕРМОСФЕРА

sfera

ТЕРМОСФЕРА (аз термо… ва юнонӣ spaira — кура), қабати болоии атмосфераро гӯянд, ки бахш сарҳади болоии мезосфера—мозопауза ва асоси экзосфера (ба ҳисоби миёна қариб дар баландиҳои аз 80 км то 90 км) ҷойгир аст. Ҳарорат дар Термосфера то баландиҳои 200—300 км афзуда ба 1500°С мерасад ва дар қабати аз ин …

Муфассал »

ТЕРМОСТАТ

termostat

ТЕРМОСТАТ (аз термо… ва юнонӣ statos— ноҷунбон, беҳаракат), асбобест барои доимӣ нитоҳ доштани ҳарорат; Термостатҳои моеӣ (аз —60 то 5000С), спиртӣ (—60—100С), обӣ 10— 950С), равғанӣ (100—30000), намакӣ (300—500°С)-ро истифода мебаранд. Ҳарор аз 300 то 12000С-ро бо ёрии кӯраҳои электрӣ танзим мекунанд. Термостате, ки ҳаророраташ аз О0С поёнро доимӣ медорад …

Муфассал »

ТЕРМОРЕЦЕПТОРҲО

termoreceptho

ТЕРМОРЕЦЕПТОРҲО (аз термо… ва …рецептор), нӯги торҳои асабро гӯянд, ки ба тағйири ҳарорат (бадан ва муҳит) ҳассосанд. Асосан дар қабати пӯст ҷойгиранд, Терморесепторҳои сардӣ ва гармӣ алоҳидаанд. Терморесепторҳо дар танзими ҳарорати организм ва гомеостаз иштирок мекунанд.

Муфассал »

ТЕРМОС

termos

ТЕРМОС, зарферо гӯянд, ки ҳарорати хӯроку нӯшокиҳоро нигоҳ медорад. Олими англис Ҷ. Дюар ихтироъ карда буд. Гармишавӣ дар зарфи Дюар фақат аз ҳисоби нурафканӣ ва гармигузаронии девораҳои зарф ба амал меояд. Барои кам кардани нурафканӣ ба девораи зарф нуқра андуда мешавад. Термосҳо аз рӯи таъинот рӯзгорӣ ва махсус (барои муассисаҳои …

Муфассал »