Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕРМОЭЛЕМЕНТ

teelement

ТЕРМОЭЛЕМЕНТ (аз термо… ва русӣ элемент — унсур), занҷири электрӣ ва ё як қисми онро гӯянд, ки аз ду ноқили ғайриякҷинса ё аз ду нимноқил таркиб ёфта, амали он ба истифодаи ҳодисаҳои термоэлектрӣ асос ёфтааст. Дар Термоэлементҳо баробари ба энергияи электрӣ табдил додани энергияи ҳароратӣ (ҳодисаи Зеебек), инчунин имконияти ба …

Муфассал »

ТЕРМОЭЛЕКТРОГЕНЕРАТОР

teelgen

ТЕРМОЭЛЕКТРОГЕНЕРАТОР, генератори термоэлектрӣ, олатест, ки энергияи гармиро бевосита ба энергияи электрӣ табдил медиҳад ва тарзи кораш ба ҳодисаи Зеебек асос ёфтааст. Термоэлектрогенератор асосан аз термоэлементҳои нимноқилӣ сохта мешавад, ки пайдарҳам ва ё ба тарзи параллелӣ васл шудаанд. Иқтидори Термоэлектрогенератор ба даҳҳо Вт ва камашон то ба 20% мерасад. Термоэлектрогенераторҳое, ки …

Муфассал »

ТЕРМОХИМИЯ

termoxomiya

ТЕРМОХИМИЯ (аз термо… ва …химия), яке аз фаслҳои термодинамикаи химиявиро номанд; дар он ҳодисаҳои ҳароратие омӯхта мешаванд, ки зимни реакцияҳои химиявӣ ҷараён мегиранд. Усули таҷрибавии Термохимия калориметрия мебошад. Зарурияти тадқиқи эффекти гармӣ ва гармиғунҷоишро аввалин шуда (1752— 54) М. В. Ломоносов нишон додааст. Нимаи дуюми асри 18. Ҷ. Блэк, А. …

Муфассал »

ТЕРМОФОСФАТҲО

termofosfatho

ТЕРМОФОСФАТҲО, як навъ нурии минералиро гӯянд, ки 18—34% Р2О5 дорад. Хокаи вазнини хокистарранг аст. Аз рӯи хусусиятҳои физикию химиявӣ ба томасшлак монандӣ дорад. Онро ҳангоми дар трубопечҳо гудохтани (1000— 13000С) фосфатҳои табиӣ (фосфоритҳо ё опатитҳо) бо иловаи намакҳои ишқорӣ (сода, ишқор, сулфатҳои натрий, калий ё магний), силикатҳои ишқории табиӣ (фонолит, …

Муфассал »

ТЕРМОТЕРАПИЯ

termotirapiya

ТЕРМОТЕРАПИЯ (аз термо… ва …терапия), муолиҷа бо гармӣ, маҷмӯи усулҳои физикотерапевтист, ки гармии манбаъҳои табиӣ ва сунъиро истифода мебаранд. Дар шароити хона аз гармкунак (грелкаҳои обӣ ва электрӣ, ЗИДДИ гарм (масалан, кулӯхтаф, пиёздоғ, сабӯсдоғ, лойдоғ, реги гарм, такмид (компресси гармкунанда) ва ғайра истифода мебаранд. Термотерапия дар муассисаҳои табобатӣ ба воситаи …

Муфассал »