Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОБОЛСК

gallery_promo20911754

ТОБОЛСК, шаҳрест дар вилояти Тю мени РСФСР. Бандар дар дарёи Иртиш, дар наздикии резишгоҳи дарёи Тобол. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1982). заводи киштисозӣ ва таъмири киштӣ, инчунин корхонаҳои саноати чӯбгарӣ, сабук ва хӯрокворӣ дорад. Комплекси коркарди нефт ва химия сохта мешавад (аз 1982). Дар шаҳр институт, техникумҳо, музей-мамнӯъгоҳи …

Муфассал »

ТОБДОН

ТОБДОН, панҷараи болои дар ё тирезаро гӯянд, ки аз он равшанӣ ва ҳавои тоза ба хона медарояд. Шаклҳои гуногун дошт. Дар масҷиду мадраса, мақбараю ҳаммом, корвонсарой ва баъзе хонаҳои қадимаи истиқоматӣ ҳоло ҳам дида мешавад. Дар хонаҳои ҳозира Тобдон намегузоранд. Панҷараи ин биноҳо одатан аз чӯб ва гаҷ сохта шудаанд.

Муфассал »

Ҷазираи ТОБАГО

tobago

ТОБАГО (Тоbago), ҷазираест дар уқёнуси Атлантик, дар ҳайати давлати Тринидад ва Тобаго. Масоҳаташ 300 км2. Сатҳаш кӯҳсор. Баландии кӯҳҳо то 576 м буда, аз ҷинсҳои вулқонӣ, гранит ва оҳаксангҳо таркиб ёфтаанд. Иқлими ҷазира субэкваторӣ, гарму сербориш. Дар Тобаго бешаҳои ҳамешасабз, инчунин плантасияҳои какав ва нахли норҷил мавҷуданд. Шаҳри асосиаш Скарборо.

Муфассал »

ТКАЧЁВ Пётр Никитич

tkachyov

ТКАЧЁВ Пётр Никитич (1844, деҳаи Сивсовои уезди Великолуский губ. Псков —4. 1. 1886, Париж), публицисти рус, яке аз идеологҳои халқчиёни революсионӣ, иштирокчии ҳаракати революционии солҳои 60. Корманди журнали «Русское слово» ва «Дело». Аз соли 1873 дар хориҷа. Солҳои 1875—81 журнали «Набат»-ро нашр мекард. Тарафдори мубориза бо роҳи суиқасд буд.

Муфассал »