Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ

УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ, хизмати санитарию эпидемиологӣ, дар СССР системаи муассисаҳои давлатист, ки назорати санитарии давлатӣ бурда, чораҳои санитарию профилактикӣ ва зиддиэпидемиявӣ меандешад. Омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологии маҳалҳои аҳолинишин, ба бемориҳои сироятӣ, касбӣ ва паразитӣ гирифтор шудани аҳолӣ ва ғайра асоси андешидани тадбирҳои зарурии зиддиэпидемӣ ва ҳифзи саломатии одамон аст.

Муфассал »

УМУРИ ОБУ ҲАВО

obu-havo

УМУРИ ОБУ ҲАВО, гурӯҳи муассисаҳоест, ки ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва аҳолӣ дар бораи вазъи мавҷуда ва ояндаи обу ҳаво хабар медиҳад. Умури обу ҳаво бори нахуст дар Франсия ва Британияи Кабир солҳои 50 ва дар Россия солҳои 70 асри 19 ташкил ёфт. Хабари вазъи обу ҳаворо, аз стансияҳои …

Муфассал »

УМУРИ ЗИЛЗИЛА

magnitudai-zilzila

УМУРИ ЗИЛЗИЛА, маҷмӯи тадбирҳоест, ки аз мушоҳидаҳои муттасили зилзила ва таҳлили маълумот (аз рӯи программаҳою методикаи стандартӣ) иборат аст. Мушоҳидаҳо дар стансияҳои сейсмикӣ гузаронда мешаванд. Вазифаи асосии умури зилзила мунтазам муайян намудани параметрҳои асосии марказҳои зилзилаҳо (координатҳои гипомарказ, пайдоиши зарба дар марказ, тавсифи энергетикӣ ва ғайра) иборат мебошад. Дар як …

Муфассал »

УМУРИ МЕТРОЛОГӢ

УМУРИ МЕТРОЛОГӢ, маҷмӯи муассисаҳои давлатӣ ва органҳои метрологиро гӯянд, ки ягонагии ченаку андоза ва дақиқияти воситаҳои андозагириро таъмин мекунад. Умури матрологӣ воҳидҳои бузургии физикиро ба стандарти давлатӣ ва воҳидҳои ҳосилавии онҳоро бо эталонҳо муъофиқ месозад, андозаи воҳидҳоро ба ҳамаи воситаҳои андозагирии мамлакат паҳн менамояд, намунаҳои нави воситаҳои ченкуниро месанҷад, воситаҳои …

Муфассал »

УМУРИ ВАҚ

soat-vakt

УМУРИ ВАҚТ, гурӯҳи лабораторияҳои махсуси институтҳои тадқиқоти илмӣ, расадхонаҳо ва дигар муассисаҳо (ё яке аз онҳо)-ро гӯянд, ки вақтро муайян мекунанд, маҳфуз медоранд ва дар бораи он ба ташкилотҳои дахлдор хабар медиҳанд. Дар Иттифоқи Советӣ Умури давлатии вақт ва басомад амал мекунад, ки он барои чен намудани вақт ва басомади …

Муфассал »