Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УҚЁНУС

122

УҚЁНУС (юнонӣ Океаnos), Уқёнуси Олам, табақаи яклухти оби Заминро гӯянд, ки материку ҷазираҳоро иҳота кардааст. Уқёнус масоҳати 361,06 млн км2 (ҳаҷмаш 1370 млн км3)-ро ишғол кардааст, ки тақрибан 70,8%-и (дар нимкураи шимолӣ 61%, нимкураи ҷанубӣ 81%) сатҳи заминро ташкил медиқад. Ба воситаи материкҳо ба 4 қисм тақсим мешавад: уқёнусҳои Ором …

Муфассал »

УҚОБҲО

ukob

УҚОБҲО (Аguila), як ҷинси паррандагони соҳибчангол аз оилаи Асcipidridae. Боли паҳну дароз (ҳангоми кушода будан то 2—2,4 м) ва пойу чанголҳои боқувват доранд; дарозиашон то 1 м; вазнашон то 6 кг, нарина ва модинаашон ҳамранганд. 9 намуд дошта, аз зонаи бешатундра то биёбон ва кӯҳҳои Европа, Осиё, Африка ва Америкаи …

Муфассал »

УҚНУМ

УҚНУМ (аз юнонӣ еikon — тасвир, симо), дар масеҳият ба маънои васеъ тасвири Исои Масеҳ, модархудо ва валиёнеро гуянд, ки калисо онҳоро муқаддас эълон кардааст. Бамаънои махдуд тасвир ё пайкараҳои сюжети динидошта, худоҳо ва авлиёе, ки ба онҳо ибодат мекунанд. Дар католисизм парастиши пайкараҳо, дар православие парастиши тасвирҳои рӯи чӯб …

Муфассал »

УҒАН

460030_276f51a0

УҒАН, юған, уға, угон, вогун, вигна, варх (Ргаngos), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Баргаш дарози панҷадор (30—100 см), гулаш зард, мевааш калони паррадор. Моҳи май — июн гул мекунад, моҳи август— сентябр тухмаш пухта ба замин мерезад. Уған аз тухмаш афзоиш меёбад ва беш аз 200 сол умр …

Муфассал »

УҚМ

УҚМ (арабӣ беҳосилӣ), дар тибби қадим надоштани қобилияти ҳомиладоршавӣ (занҳо) ё ҳомиладоркунӣ (мардҳо)-ро мегуфтанд. Дар тибби муосир уқмро бо истилоҳҳои агенеаия (из лотинӣ а. — нест, genesis 913 — пайдоиш) ва импотенсия (аз лотинӣ impotentia — беқувватӣ) ифода менамоянд.

Муфассал »