Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАВУС

ФАВУС, дар байторӣ (ветеринария) дарди калиро гӯянд. Фавуси мурғонро занбӯруғи Тrichophuton gallinae (Асhorion gallinae) ва Фавуси ширхӯронро завбӯруги Т. quinskeanum ба вуҷуд меорад Чӯҷаҳои мур* ва мурғи марҷон бештар гирифтор мешаванд. Мурғи касал хароб мешавад ва мемbрад. Барои муолиҷа маҳлули 2%-и формалин ва ғайраро истифода мебаранд.

Муфассал »

Ибни Фавтӣ

ФАВТӢ Ал -Фавтӣ Қамолуддин ибни Муҳаммади Собунӣ, маъруф ба Ибни Фавтӣ (1245, Бағдод — 1323, ҳамон ҷо), олим ва донишманди араб. Ба Марв барои таҳсил омадааст. Ҳангоми ҳамлаи муғул дар ин шаҳр асир шуда, баъдтар бо ёрии Насируддини Тӯсӣ озод мешавад ва дар назди ӯ улуми замонаро меомӯзад. Муддате вазифаи …

Муфассал »

ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович

ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович (3. 3. 1860, Павлово, ҳозира вилояти Горкий—8. 8. 1945, Ленинград), химик-органики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1929; аъзокорр. 1922), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1945). Асарҳои асосии Фаворский ба омӯзиши химияи пайвастҳои органикии беҳад оиданд. Фаворский солҳои 1900—05 конденсасияи карбогидридҳои асетилениро бо кетонҳо таҳти таъсири ишқори калий тадқиқ намуда, …

Муфассал »

ФАВВОРА

fontan

ФАВВОРА, фОНТан (италиявӣ fontana, аз лотинӣ fons — чашма, манбаъ), дар меъморӣ иншооти махсусест, ки барои боло бардоштан ё ба поён шоридани об мувофиқ кунонда шудааст. Фаввора аввал дар болои сарчашмаи табиии об сохта мешуд. Минбаъд фавораро дар ҷойҳои дилхоҳ сохта, обро ба он тавассути қубуру наҳрҳо меоварданд. Фавора дар …

Муфассал »

ФАБУЛА

books

ФАБУЛА (аз лотинӣ fabulа — ривоят, ҳикоят), нақли пай дар паи воқеаҳое, ки дар асарҳои эпикӣ, лирикию эпикӣ ва гоҳо драмавӣ тасвир меёбанд. Дар адабиёти атиқа (Юнони Қадим) аввалҳо жанри хурдтарини ривоятию асотириро фабула мегуфтанд. Баъдтар баёни асарҳои саҳнавӣ фабула ном гирифт. Аксари муҳаққиқон фабуларо бо сюжет алоқаманд шуморидаанд. Баъзеҳо …

Муфассал »