Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАРМАКОПЕЯ

dorushinosi

ФАРМАКОПЕЯ (аз юнонӣ рharmakon —дору ва роiео — тайёр мекунам), маҷмӯи стандартҳо (намунаҳо)-и доруҳо ва дастуруламалҳоеро гӯянд, ки сифати доруҳоро ба меъёри муайян «медарорад. Фармакопеяро дар тибби қадими мо қарободин меномиданд. Фармакопея аввалин («Китоб-ул-қарободин-ул-кабир»)-ро Шопур ибни Саҳл (вафот 869) таълиф намудааст, ки нусхаи ягонааш дар китобхонаи шаҳри Мюнхен маҳфуз мебошад. …

Муфассал »

ФАРМАКОЛОГИЯ

dorushinosi

ФАРМАКОЛОГИЯ (аз юнони pharmacon — дору ва …логия), дорушиносӣ, як соҳаи илми тиббу биологияро гӯянд, ки доруҳо ва таъсири онҳоро ба организми одаму ҳайвонот меомӯзад. Аввалин маълумоти мураттаб доир ба доруҳо дар папируси мисрии Эберс (асри 17 то мелод) омадааст. Дар «Вандидод»-и «Авесто» хосияти шифобахшии 760, дар «Аюрведа»-и ҳиндуҳо зиёда …

Муфассал »

ФАРМАКОГНОЗИЯ

farmakognoziya

ФАРМАКОГНОЗИЯ (аз юнонӣ рharmakon — дору ва gnosis — донтаy), як фасли фармаcияфо гӯянд, ки ашёи хоми дорувори наботи (равғани эфир, қатрон, шарбат)-ю ҳайвонӣ ва баъзе маҳсулоти онро меомӯззад. Тадқиқи дорувор, моддаҳои муассир, дарёфти растаниҳои доруӣ, ҷамъоварӣ, хушконидан, ба навъҳо ҷудо ва муайян кардани онҳо ва ғайра масъалаҳои асосии омӯзиши …

Муфассал »

ФАРКАШ Берталан

ФАРКАШ Берталан (таваллуд 2.8.1949, деҳаи Дюлахаза, Венгрия), лётчиккайҳоннаварди Республикаи Халқии Венгрия, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1980), Қаҳрамони Халқии Венгрия (1980), Аъзои Партияи сосиалистии коргарии Венгрия аз соли 1976. Аз марти 1978 Фаркаш дар маркази тайёрии кайҳоннавардон ба номи Ю. А. Гагарин аз рӯи программаи «Интеркосмос» ба парвози кайҳонӣ тайёрӣ дид. Мувофиқи …

Муфассал »

ФАРК

fark

ФАРК, дарахти фарк (Асег Turkestanikum), як навъ дарахти худруест (аз оилаи фаркиҳо). Дар шароити табиии Помиру Олой то 15 (баъзан 20) м қад мекашад. Дарахти сершоху сербарг аст. Пӯстлохи танааш сиёҳтоб, шохҳои наврасаш хокистарранг ва хеле базебанд. Навдаҳои ҳарсолааш сурхтобанд. Баргаш калон, 5 ё 7-парра. Фарк дар шароити табиии Тоҷикистон …

Муфассал »