Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Маданияти Археологӣ

Куза

МАДАНИЯТИ АРХЕОЛОГӢ, истилоҳ барои ифодаи умумияти ёдгориҳои археологии мансуби як давра, ки хусусиятҳои маҳаллӣ дошта, дар ҳудуди муайян ҷойгиранд. Ба Маданияти археологӣ одатан аз рӯи ягон аломати шакл ё ороиши зарфҳои сафолӣ, зебу зинатҳо (мас., маданияти мегалитӣ), урфу одати дафнкунӣ (мас., маданияти Ямная) ва ё номи маҳалле, ки дар он …

Муфассал »

Маданияти Арабизабон

Маданияти Арабизабон

МАДАНИЯТИ АРАБИЗАБОН — маданиятест, ки байни асрҳои 7—10 дар Хилофати араб дар натиҷаи омӯзиши маданияти арабҳо ва халқҳои аз тарафи онҳо истилошудаи Шарқи Наздик ва Миёна, Африкаи Шимолӣ, ҷанубӣ ғарбии Европа ба вуҷуд омадааст. Пеш аз маданияти араб дар нимҷазираи Арабистоин маданияти арабҳои кучманчӣ ва муқимии зироаткоре вуҷуд дошт, ки …

Муфассал »

Маданияти Анов

ashqobodi_kuhan

МАДАНИЯТИ АНОВ, маданияти археологии давраи неолит, биринҷӣ ва оҳан. Археологи америкоӣ Р. Помнелли соли 1904 ёдгориҳои ин маданиятро 12 км. дуртар аз Ашқобод дар самти шарқии он дар наздикии деҳаи ҳозираи Анов кашф ва тадқиқ кард. Маданияти Анов аз чор маҷмӯи ёдгориҳо иборат аст (Анови I, Анови II., Aнови-III, Aнови-IV). …

Муфассал »

Маданияти Андронов

МАДАНИЯТИ АНДРОНОВО

МАДАНИЯТИ АНДРОНОВО –  маданияти археологии давраи биринҷӣ. Тақрибан нимаи дуюми ҳазораи 2 то медол вуҷуд дошт. Аз номи деҳаи Андроновои назди Ачинск. Маданияти Андроново дар ҳудуди Қазоқистон, Сибири Ғaрбӣ, ҷануби Наздиурал паҳн шуда буд. Аз Маданияти Андроново осори бошишгоҳҳои гуногун (зеризаминӣ ва рӯизаминӣ) ва қабрҳо боқӣ мондаанд. Болои қабрҳо бештар …

Муфассал »

Маданияти Амиробод

Маданияти Амиробод

МАДАНИЯТИ АМИРОБОД – маданияти археологии охири давраи биринҷӣ дар ҳудуди Хоразм (асрҳои 9—8 то мелод). Ёдгориҳои Маданияти Амирободро бори нахуст соли 1940 археологҳои советӣ дар мавзеи канали Амирободи РАСС Қароқлӣ кашф ва тадқиқ карданд. Ба Маданияти Амиробод оташдонҳои калон хосанд, ки дар заминканҳо сохта шудаанд. Зарфҳои сафолии ин давра дағалтар, бесир …

Муфассал »