Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нӯшдору

0

Нӯшдору (противоядие) гӯё доруе бу­да аст ҷонбахш, зидди марг. Мувофиқи равобити «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Рустам пас аз захмдор кардани Сӯҳ­роб ӯро шинохт ва аз кардааш пу­шаймон шуда, барои сиҳат шудани Сӯҳроб, ки дар дами марг буд, тавассути Гударз аз Ковус Нӯшдору хост. Ковус аз тарси он, ки Рустам бо писараш Сӯхроб …

Муфассал »

Нӯш

0

«Нӯш»  1) оҳанг, суруди мавсимию маросимии қадимиест, аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Яке аз оҳангҳони «Сигона*-» Борбади Мар­вӣ. 3) Шӯъбаи овозӣ дар «Понздаҳ- мақом». 4) Гӯшаи иловагиест ба шӯъбаҳои «Наврӯзи сабо» «Наврӯ- зи Аҷам», «Наврӯзи хоро», ки асрҳои 14—15 санъаткорони форс-тоҷик ба­рои такмили қисматҳои созии ин шӯъбаҳо истифода намудаанд.

Муфассал »

Нукар

0

Нукар навкар  дар асрҳои миёна хизматчии ҳарбии феодалони калон, хон, шоҳ ё султон. Нукар аз ибтидои асрҳои миёна маъмул буда, дар ҳолати ҷанг пеш аз ҳама ҷанговар ва дар замони осоишта — посбон, муқарраб ҳисоб меёфт. Ба ива­зи хизмати Нукар аввалҳо хонаю ҷой, хӯрок, либос, яроқу аслиҳа ва сонитар қисми …

Муфассал »

Нӯзар

Нӯзар яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, нӯҳумин подшоҳи силсилаи Пешдодиён. Подшоҳӣ ба ӯ пас аз падараш Манучеҳр расид. Нӯзар пас аз муддате подшоҳӣ аз роҳу равиши одилонаи падар берун баромад ва ин сабаби парокандагии лашкар ва дилхунукии мардум гардид, Подшоҳи Тӯрон — Пашанг аз ин ҳолат истифода наму­да писаронаш — …

Муфассал »

Нӯгтез

0

Нӯгтез, олати сангин давраи па­леолит аст. Нӯгтезро аз саҳфаҳои секун­ҷа дар шакли кӯтоҳ ва паҳн тайёр мекарданд. Нӯги Нӯгтез одатан секунҷа буд. Нӯгтез ҳамчун корд барои коркарди чӯб, шикори ҳайвонот ва ғайра ис- тифода мешуд.

Муфассал »