Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Озар

Озар (тахаллус; номаш Лутфалибек Оғохон ибни Бегдилӣ; 1722, Исфаҳон — 1780), шоир ва адабиётшинос, тазкиранигори эронӣ. Дар шахри Қуми Эрон, ки оилаи Озар пас аз таваллуди ӯ ба он ҷо кӯчид,таҳсил кардааст. Аз хурдсолӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намуд. Устодаш дар шеъру адаб Муштоқи Исфаҳонӣ буд. Дар маҷлисҳои адабии Муштоқи Исфаҳонӣ, …

Муфассал »

Дарёи Ожогина

0

Ожогина, дарёест дар РАСС Еқут., шохоби чапи дарёи Колима. Тӯлаш 523 километр, масоҳати ҳавзааш 24300 километр2. Аз якшавии дарёҳои Сулаккан ва Делкю, ки аз қаторкӯҳи Мома ибтидо  меёбанд, ҳосил мешавад. Дар ҳавзаи Ожогина зиёда аз 2800 кӯл (масоҳати умумиашон 908 километр2) мавҷуд аст. Манбаи дарё барфу борон. Давраи яхбандӣ октябр—май. …

Муфассал »

Дарёи Одра

0

Одра, Одер (ба Чехию пол. Odra; нем. Oder), дарё дар Европаи Ғарбӣ. Аз кӯҳҳои Судети Шарки (Чехос­ловакия) ибтидо ёфта, баъд ба территорияи Полша мегузарад. Пас аз ҳамроҳшавии дарёи Ниса-Лужиска қад-қади сарҳади Полшаю Республикаи Демократии Германия ҷорӣ шуда то шаҳри Грифино мерасад ва дар охир ба халиҷи Шесипи баҳри Балтика мерезад. …

Муфассал »

Одонтология

0

Одонтология (аз юн. odontos — дандон ва …логид), номи кӯҳнашудаи қисмн муолиҷавии стомато­логия, ки сохту дарди дандон, муолиҷа ва лешгирии онро меомӯзад.

Муфассал »

Одонбластҳо

01

Одонбластҳо (аз юнонӣ odontos — дандон ва blastos — ҷанин), ҳуҷайраҳое, ки дентини дандони ҳайвонҳои мӯхрадор ва одамро ҳосил менамоянд. Танаи Одонбластҳо дар қабатҳои канории пулпа ва шохчаҳои дарозашон дар дохили каналчаҳои дентин ҷойгир шудаанд.

Муфассал »