Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Озодии Ирода

0

Озодии Ирода, категорияи фалсафиест, ки мувофиқи он имсол дар ҳалли масъалаҳои мухталиф озод буда, мувофиқи салоҳдиди худ амал мекунад. Баҳсу мунозираҳои тезу- тунде, ки дар атрофи ин масъала аз замони Суқрот ин ҷониб давом доранд, ба аҳамияти ҳаётӣ доштани он гувоҳӣ медиҳанд. Дар шарҳи Озодии ирода ду ҷараёни фалсафӣ аз …

Муфассал »

Деҳаи Озодии занон

Озодии занон, деҳаест дар Совети қишлоқи «40-солагии РСС Тоҷикистон», районини Ленини РСС Тоҷикистон Территорияи колхози «Ком­мунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 18 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 680 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Озодвори Чангӣ

Озодвори Чангӣ (562, Истахр — 625, ҳамон ҷо), мутриба, мусиқидони машҳури форс- тоҷик. Чанд муддат дар дарбори Хусрави Парвиз хизмат карда, дастаи занону духтарони санъаткорро сарварӣ менамуд. Озодвори Чангӣ асосан дар чангнавозӣ шӯҳрат пайдо карда, аз аввалин занони санъаткори касбӣ ба шумор мерафт. Бо ташаббуси ӯ дар аҳди Сосониён дастаи занону …

Муфассал »

Нобаробарии Коши

0

Нобаробарии Коши, нобаробариест барои суммаҳои охирнок, ки намудаш чунин аст: Аз маъмултарин нобаробариҳои ма­тематика мебошад. Ин нобаробариро соли 1821 О. Коши кашф намудааст. Шакли ннтегралии Нобаробарии Коширо матема­тики рус В. Я. Буняковскин (ниг. Нобаробарии Буняковский) муқаррар кард. Сонитар математики немис О. Гёлдер Нобаробарии Коширо умумият додааст. Ниг. Нобаробарии Гёлдер.

Муфассал »

Нобаробарии Буняковский

0

Нобаробарии Буняковский, яке аз нобаробариҳои муҳими таҳлили математикист, ки математики рус В. Я. Буняковскин муқаррар кардааст. Намуди Н. Б. чунин аст: Ин нобаробарӣ ба нобаробарии оддии алгебравии Коши: Монанд мебошанд.  Нобаробарии Буняковскийро аз нобаробарии Коши ӣо роҳи гузаштан ба ҳудуд ҳосил кардан мумкин аст.

Муфассал »