Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи Озодии шарқ

Озодии шарқ, деҳаест дар Совети қишлоқи Арали райони Куйбышев, вилояти Қӯрғонтеппа. Маркази колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркааи Совети қишлоқ 4 километр, то маркази район 10 километр, то стансияи роҳи оҳан Вахш (хатти Тирмиз — Қӯрғонтеппа—Ёвон) 2 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 745 нафар (1981), тоҷикон ва …

Муфассал »

Деҳаи Озодии меҳнат

Озодии меҳнат, деҳаест дар Совети қишлоқи Оқгазаи райони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Москва». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 15 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 335 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз кана­ли Дарахтзор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »