Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оини Акбарӣ

«Оини Акбарӣ» асари энсиклопеди, таълифи Абулфазл ибни Муборак Алломӣ (вафот соли 1602), олим, таърихнавис ва вазири Акбаршоҳ (1556—1605). «Оини Акбарӣ» ҷилди сеюми таркибии «Акбарнома»-и ҳамон муаллиф ба шумор меравад. Ҷилдҳои якум ва дуюми «Акбарнома» ба таърихи салтанати Акбар то соли 47-уми ҳукмронии он бахшида шудаанд. Ҷилди сеюми ин асар аз …

Муфассал »

Оинаҳои Тасс

«Оинаҳои Тасс», плакатҳои агитасионии сиёсӣ, ки Агентии телег­рафии Иттифоқи Советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мебаровард. Расм ва матнҳои «Оинаҳои Тасс» ба ғалаба даъват намуда, шуҳрати корнамоиҳои одамони советиро нишон медоданд. қаҳрамониҳои гузаштаи халқҳои СССР-ро хотиррасон ва кирдорҳои истилогарони фашистиро бо қаҳру ғазаб маҳкум менамуданд. Дар баровардани «Оинаҳои Тасс» …

Муфассал »

Оинаҳои Роста

«Оинаҳои Роста», аниқтараш— «Оинаҳои ҳаҷвии  РосТА» плакатҳои солҳои 1919—21 эҷодкардаи рассомон ва шоирони систе­маи Агентии телеграфии Россия (РосТА). «Оинаҳои Роста» ҳамчун намуди санъати ташвиқотию оммавии махсус дар давраи ҷанги гражданӣ ва интервенсиям ҳарбии солҳои 1918—20 ба вуҷуд омад. Плакатҳои ҳаҷвии тунду тез бо шеърҳои хурди фаҳмо душманони Республикаи ҷавони советиро …

Муфассал »

Оинакорӣ

0

Оинакорӣ, маҷмӯи корҳои бинокорист, ки ба мақсади оинабандии дару тиреза, витринаву чароғҳои танвирии бинову иншоот ва ғайра иҷро карда мешавад. Дар вақти Оинакорӣ навъҳои гуногуни шиша (шишаи тиреза. шишаи витрина, шишаи рахдор. шишаи ранга ва ғайра), инчунин шишаблокҳову «шишапакетҳоро истифода мебаранд. Оинакорӣ асосан аз ду марҳила иборат аст: буридани шиша …

Муфассал »

Оинаи тоҷикта

«Оинаи тоҷикта», варақаи мусаввари ташвиқотист, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Агентии те­леграфии Тоҷикистон («ТоҷикТА») нашр мекард. Дар он доир ба воқеаҳои муҳимтарини рӯз, қаҳрамонии аскарони советӣ дар фронт ва фидокории меҳнаткашон дар ақибгоқ нақл карда мешуд. Нашри «Оинаи тоҷикта» аз охири соли 1941 оғоз ёфт, ҳафтае як бор мебаромад ва …

Муфассал »