Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Олдовай

0

Олдовай, О л д у в а й (Oldoway, Olduvai), дараест дар шимоли Танзания, З6 километр шимол шарқтари кӯли Эяси воқеъ гардидааст. Солҳои 30—60 асри 20 онро бостоншинос ва антропологхои англис Л.Лики ва М. Лики тадқиқ намуданд. Дар Олдовай андаруни таҳшини кӯл боқимондаи осори маданияти давраи палеолит ва яке аз …

Муфассал »

Олати Арифметикӣ

0

Олати Арифметикӣ (ОА), яке аз олати асосии ҳисобмошини рақа­мии электронист (ҲРЭ), ки дар он бевосита амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ бар ададҳо иҷро карда мешаванд. Иҷрои ҳар гуна амали ариф­метикӣ ё мантиқӣ дар Олати Арифметикӣ аслан аз иҷрои пай дар паи як қатор амалҳои элементарӣ ё микроамалҳо [муқаррар намудани «сифри»-и разрядҳои …

Муфассал »

Олами органикӣ

0

Олами органикӣ, маҷмӯи органиамҳое, ки дар биосфераи Замин маскунанд. Олами органикӣ аз микроорганизмҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одам, ки дар просесси фаъолияти худ ба якдигар ва табиати ғайризинда таъсир мерасонанд, таркиб ёфтааст.

Муфассал »

Олами Кабир ва олами Сағир

0

Олами Кабир ва олами Сағир, микрокосм ва макро­косм, таълимоти фалсафист, ки Инсону Кайҳонро аз ҷихати сохту таркиб ба ҳам баробар карда, аввалиро заминаи андарёфти охирӣ медонад. Ба маънии васеътар таълимотест оид ба ягонагӣ ё ваҳдати ботинии сағиру кабир, меҳину кеҳин, ҷузву кул. Ақидал алоқамандии микро ва макрооламҳо дар қаъри хоки …

Муфассал »

Окуляр

0

Окуляр (лот. oculus — чашм), қисми ба чашми мушоҳид нигарондашудаи системаи оптикист (телес­коп, дурбин, микроскоп ва ғайра); барои мушоҳидаи визуаллӣ тасвирҳои ҳақиқие, ки дар системаҳои оптикии объектив (масалан, призма, коллиматор) ҳосил мешаванд, хизмат мекунад. Аввалин бор Окулярро Г. Галилей (1609) дар ғулбаи биниш истифода бурдааст, ки линзаи он манфӣ (парокандакунанда) …

Муфассал »