Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Олия

0

Олия ( муаннаси (Л)—ба­ланд, пурҳашамат, бошукӯҳ), мартабаи баланди шоҳмотбозони асри миёнаи Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон ва баъзе мамлакатҳои араб; устоди бузурги бозии шатранҷ, ки бо мафҳуми гроссмейстери имрӯза тақ- рибан ҳаммаъност. Истилоҳи «Олия» дар Осиёи Миёна баъди истилои араб пайдо шуда, асрҳои 8—9 маъмул гашт ва ҷои истилоҳи пештараи устоди беҳбозрогирифт. …

Муфассал »

Олимӣ Қутбиддин

Олимӣ Қутбиддин (1. 5. 1908, Хуҷанд—3. 3. 1970, Душанбе), ки­норежиссёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1958). Яке аз аввалин кормандони кинои тоҷик. Дар курси киноактёрони шаҳри Душанбе ва баъдтар дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский таҳсил кардааст. Шавқу    ҳаваси Олимиро ба санъати …

Муфассал »

Шаҳри Олимпия

0

Олимпия (Olympia), шаҳри қадими юнонӣ дар Элида (қисми шимоли ғарбии Пелопоннес), маркази дин, парастишгоҳи Зевс ва ҷои гузарони­дани Бозиҳои олимпӣ; муҳимтарин маркази санъати Юнони Қадим. Ан­самбли меъмории Олимпия асосан асрҳои 7—4 то милод ташаккул ёфтааст. Олимпия баъ­ди ғалабаи масеҳият рӯ ба танаазул ниҳод, соли 426 бошад, бо фармони императоря Рим …

Муфассал »

Олимпиада

0

Олимпиада (юнонӣ olympias), 1) мусобиқаҳоест, ки дар шаҳри Олимпияи Юнони Қадим дар дар 4 сол гузаронида мешуданд (нигаред Бозиҳои олим­пӣ). Ҳисоби вақтро муаррих Тиме муайян кардааст. Соли 776 то милод соли нахустини Олимпмада ҳисоб меёбад. 2) Дар ҳаракати олимпии ҳозиразамон дар давоми 4 сол гузаронидани мусобақае, ки дар соли якуми …

Муфассал »

Олимов Мирзораҳмат

Олимов Мирзораҳмат (1891, Ху­ҷанд, Ленинободи ҳозира — 15. 6. 1971, Душанбе), наққоши тоҷик. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1959). Аъзои КПСС аз соли 1969. Яке аз муборизон ва барпокунандагони фаъоли Ҳокимияти Совети дар Тоҷикистон. Дар оилаи наққош Мирзоолим Носиров таваллуд ёфтааст. Санъати наққоширо аввал аз падар ва баъдтар аз …

Муфассал »