Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оптикаи шуоӣ

1

Оптикаи шуоӣ, як қисми опти­ка аст, ки паҳноиши шуои рӯшноӣ, аз сатҳи ҳудудии муҳит инъикос шудани рӯшноӣ ва қонуниятҳои шикасти шуои рӯшноиро меомӯзад (нигаред Оптикаи геометрӣ).

Муфассал »

Оптикаи геометрӣ

1

Оптикаи геометрӣ, як фасли оптика буда қонунҳои паҳноиши рӯшноиро дар асоси тасаввурот оид ба шуоъҳои рӯшноӣ меомӯзад. Хатеро шуои рӯшноӣ гӯянд, ки қад-қади он сели рӯшноӣ паҳн мешавад. Мафҳуми шуоъ фақат то дами дар қитъаҳои аз ҷиҳати оптикӣ ғайриякҷинсаи муҳит ба назар нагирифтани дифраксияи рӯшноӣ ба ҳақиқат мувофиқ аст, яъне …

Муфассал »

Оптикаи атмосферӣ

1

Оптикаи атмосферӣ, як фасли физикаи атмосфера буда, ҳодисаҳои оптикиеро меомӯзад, ки ҳанго­ми аз атмосфера гузаштани рушноӣ ба амал меоянд (шафақ, тирукамон, сароб, таӯйири ранги осмон, пароканиш ва афканиши радиатсияи намоён ва нонамоён аз тарафи атмосфера, поляризатсияи рӯшноии осмонӣ, назарнамоии предметҳо ва ғайра). Вазифаи асосии Оптикаи атмосферӣ аз омӯхтани хосиятҳои оптикии …

Муфассал »

Оптика

1

Оптика (юнонӣ optike — илм дар борам идроки босирӣ, аз optos — намоён), як фасли физикаро гӯянд, ки дар он табиати афкакиши оптикӣ (рӯшной), пахноиши он дар муҳитҳои гуногуни физикӣ ва ҳодисаҳое, ки ҳангоми таъсири мутақобили рӯшноӣ ва модда ба амал меоянд, омӯхта мешаванд. Афканишоти оп­тикӣ яке аз намудҳои мавҷҳои …

Муфассал »

Опричнина

1

Опричнина, опришнина (аз русии қадим опричный —махсус), системаи чорабнниҳои фавқулоддаи ҳарбию маъмурӣ ва иҷтимоию иқтисодии подшоҳ Ивани IV (Гроз­ний) барои мустаҳкам намудани ҳокимияти мутлақияти марказонида шуда ва барҳам додани парокандагии феодалӣ. Ивани IV барҳам задани «ошӯбҳо»-ро мақсади асосии Опричнина медонист. Баробари ҷорӣ кардани Опричнина ҷазои бераҳмонаи оппозицияи боярҳою князҳо ва …

Муфассал »