Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Органҳои иҷроия ва амрдиҳанда

1

Онҳо иҷроия ва амрдиҳанда, дар давлатҳои сотсиалистӣ муассисаҳои маъмуриест, ки ба­рои иҷрои вазифаҳои идоракунии корҳои давлатӣ ваколати ҳукуматӣ доранд. Орган аз тарафи Советҳо таш­кил карда мешаванд. Онҳо иҷрои қонунҳоро ташкил, корҳои давлатиро идора мекунанд, фаъолияти амрдиҳии  худро барои ҳалли масъалаҳои конкретӣ ба амал мебароранд. Аз ин  рӯ, онҳоро органҳои иҷроия …

Муфассал »

Органоидҳо

1

Органоидҳо (аз орган ва юнонӣ ei- dos — намуд), структураҳои доимии ҳуҷайраҳои ҳайвоноту растаниҳост. Ҳар як органоид вазифаи муайяни барои ҳуҷайра ҳаётан муҳимро иҷро менамояд. Ҳамин тариқ, ҳар як зуҳуроти фаъолияти ҳуҷайра натиҷаи Органоидҳо аст. Ба Органоидҳо митохондрияҳо, комплекси Голҷи (аппарати тӯршакли дохилиҳуҷайравӣ, ки ташаккули таркибҳои гуногуни дохилиҳуҷайравӣ бо он …

Муфассал »

Органогенез

1

Органогенез (аз орган ва …генез), дар ҳайвонот ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани узвҳост. Органогенез онтогенезӣ ва филогенезӣ мешавад. Органогенез онтогенезиро эмбриология ва Органогенези филогенезиро анатомияи муқоисавӣ меомӯзад. Ин фанҳо ғайр аз баёну таҳлили ҷараёни npoсессҳои Органогенез, сабабҳои ба вуҷуд омадани ин просессҳоро дар ҷараёни онтогенез ва филогенез низ тадқиқ …

Муфассал »

Организмҳои гетеротрофӣ

1

Организмҳои гетеротрофӣ, гетеротрофҳо, организмҳоеанд, ки барои ғизо пайвастҳои тайёри органикиро истифода мебаранд. Ба Организмҳои гетеротрофӣ тамоми ҳайвонот ва одам, инчунин баъзе растаниҳо (занбӯруғҳо, аксари паразитҳо ва ғайра) ва микроорганизмҳо мансубанд. Вале ба гетеротрофӣ ва автотрофӣ ҷудо кардани растаниҳо ва микроорганизмҳо шартист, зеро ҳатто автотрофҳои типӣ — растаниҳои сабзи фотосинтезкунанда як …

Муфассал »

Организмҳои автотрофӣ

1

Организмҳои автотрофӣ (аз юнонӣ autos — худ ва trophe — хӯрок), организмҳои аутотрофӣ, организмҳоест, ки моддаҳои органикии барои ҳаёт зарурро аз моддаҳои ғайриорганикӣ синтез мекунавд. Ро­ли Организмҳои автотрофӣ дар табиат хеле калон аст. Онҳо тамоми моддаҳои органикиро, ки одам ва қариб ҳамаи ҳайвонҳо синтез карда наметавонанд, ҳосил мекунанд (нигаред Организмҳои …

Муфассал »