Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Ориёниҳо

Ориёниҳо, номи тоифадои қадими ҳиндуэронист, ки аз ҷиҳати баромадашон бо калимаи эронии қадим агуа (ҳиндуи қадим агуа, порсии қадим ariya, авестоӣ агуа) во­баста аст. Бо чунин ном тоифаҳои ҳиндуэроние маълуманд, ки тақрибан дар ибтидои ҳазораи 2 то милод аз ҳиндуаврупоиҳои қадими ба онҳо қаробатдошта ва ватани аслиашон (Европаи Марказӣ ва …

Муфассал »

Ориё

Ориё (Ariane), мафҳумест, ки онро олими Юнони Қадим Эротосфен дар адабиёти атиқа барои ифодаи қисми шарқии пуштакӯҳи Эрон ис­тифода бурда аст. Ба Ориё вилоятҳои Гедросиё, Кармания, Арахосия, Дрангиён, Паропомиз, Ориё ва Порт дохил мешудаанд. Номи юнонии Ориё (Ари­ана) аз номи эронии Агаупаш (маънояш мамлакат ё шоҳии ориёниҳо) бармеояд.

Муфассал »

Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ

Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ

Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ 1) вазъияти кунҷи муайяне, ки ба аппарати париши кайҳонӣ (АПК) нисбат ба ҷирмҳои осмонӣ, хатҳои қуввагии майдонҳои магнитию гравитасионӣ ё … дигар самтҳои аниқи фазо дода меша­вад. Вобаста ба таъиноти АПК ориентасияи он гуногун аст: дар вақти тадқиқоти астрономии Офтоб, Моҳ ё ситораҳо аз борти АПК …

Муфассал »

Ориентасия

Ориентасия (франсавӣ orientati­on — самт ба шарқ, аз лотинӣ oriens — шарқ), таъмими мафҳуми самти хати ростро ба фигураҳои геометрии нисбатан мураккаб гӯянд. Ориентасия дар хати рост. Нуқта аз рӯи хати рост дар ду самти муқобил ҳаракат карда метавонад. Масалан, аз рӯи хати рости го­ризонталии АВ (расми 1) ҳам аз …

Муфассал »

Орзуқ

Орзуқ

Орзуқ, о з у қ, як навъ хӯроки миллии тоҷикист. Ба орди гандум хамиртуруш андохта хамир мешӯранд. Ба хамираш тухм ва равған низ ҳамроҳ мекунанд. Баъдя 15—20 дақиқа, дам додан хамирро хурд-хурд бурида, завола мегиранд ва чормағзвор кулула мекунанд. Сипас онро дар равған бирён карда ба табақ мегиранд ва баъзан …

Муфассал »