Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Орифи Чоёбӣ

Орифи Чоёбӣ Абдуллоҳ (1882, Чоёби Афғонистон — 1944), шоири афғон. Аз оилаи тоҷир. Дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Дар корҳои савдо ба падараш ёрӣ дода, ба шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва ғайра мусофират кардааст. Орифи Чоёбӣ бо аҳли илму адаби шаҳрҳо ошноӣ пайдо карда, дар махфилҳои бедилхонӣ иштирок намудааст. Шеърҳои …

Муфассал »

Ориф Ҷалолуддин

Ориф Ҷалолуддин Муҳаммади Шерозӣ (1555—1601), шоир ва орифи форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тасав­вуф ба яке аз муридони Абдурраҳмони Ҷомӣ — Мавлоно Муҳаммади Рӯҳӣ пайпавӣ мекард. Манбаъҳои адабӣ ва ирфонӣ Орифро ҳамчун мутасаввифи маъруф ёд мекунанд. Ориф асосан рубоиҳои орифона эҷод кар­дааст.

Муфассал »

Ориф Муҳаммадшариф

Ориф Муҳаммадшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи нимаи дуюми асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар мавзеи Оғонақии Бухоро ба дунё омадааст. Дар Мад­раса таҳсил карда, илмҳои расмии замонашро омӯхт. Аввал дар ахди амир Шоҳмурод (1785—1800) ва баъд амир Ҳайдар (1800—27) ба сифати воқеанигори дарбор хизмат …

Муфассал »

Ориф Муллоолими Кобулӣ

Ориф Муллоолими Кобулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Гулбаҳор ном мавзеи тобеи Кобул ба дунё омадааст. Тахаллус «Баҳорӣ» ва дигараш «Рабеӣ». Марди ширинсухан ва базлагӯе буд. Дар тасаввуф ва аҳволи машоихи Ҳиндустон таълифоте чанд ба анҷом расондааст («Шарҳи мақосид ва таҷрид», «Фавотеҳ-ул-вилойа» …

Муфассал »

Ориноко

Ориноко

Ориноко (Orinoco; ба забони ҳиндуҳои маҳаллӣ Оринуку—дарё), дарёест дар Америкаи Ҷанубӣ, дар Венесуэла ва Колумбия. Тӯлаш мувофиқи маълумотҳои мухталиф аз 2500 то 2730 километр, масоҳати ҳавзааш 1086 ҳазор километр2. Дар нишебиҳои ғарбии колхозҳои Серра-Парима (қисми ҷануби ғар­бии суфакӯҳи Гвиана) ибтидо ёфта, аз пастии Гвиана ҷорӣ мешавад ва ба уқёнуси Атлантик …

Муфассал »