Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Орияти ашё

Орияти ашё

Орияти ашё, дар хуқуқи со­ветӣ яке аз шаклҳои шартномаи кирои молу мулкиест, ки аз рӯи он ташкилотҳои махсуси сотсиалистӣ ба гражданҳо барои истифодаи муваққатӣ (бо додани музди истифода) лавозими рӯзгорро пешниҳод менамоянд. Қоидаҳои умумии Орияти ашё дар Асосҳои қонунгузории гражданӣ ва КГ республикаҳои иттифоқӣ ба расмият дароварда шудаанд; шарт ва …

Муфассал »

Ория

Ория

Ория, уткали, халқест дар Ҳиндустон, аҳолии асосии музофоти Орисс. Шуморааш 23,5 миллион нафар. (1978). Забонаш ориягӣ. Аҷдоди Ория дар давлати Калинга маскун буда, баъдҳо ба ҳайати давлатҳои Мав­рин, Гупт, Харши (асри 7), асрҳои 16- 19 ба ҳайати давлати Темуриёни Ҳинд дохил шудаанд. Баъди истиқлолияти Ҳиндустон территорияи миллим Ория ба музофоти …

Муфассал »

Орифӣ

Орифӣ (тахаллус; Фатҳуллоҳ ибни Котиби Дарвеши Шерозӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1562), шоир ва муаррихи эронӣ. Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод карда­аст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт) султони Туркия Сулаймони 1 (ҳукмронии 1520—66) буд. Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ …

Муфассал »

Орифи Xиравӣ

Орифи Xиравӣ Мав­лоно Махдум (1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ бу­да, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмо­ни Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати …

Муфассал »

Орифи Қазвинӣ

Орифи Қазвинӣ Мирзо Абулқосим (1882, Қазвин — 1933, Ҳамадон), шоири эронӣ. Аз оилаи мулло. Ҳамчун шоир ва ҳофиз дар солҳои Револютсияи Эрон (1905—11) шӯҳрат ёфт. Орифи Қазвинӣ дар ин солҳо дар кӯчаву майдони шаҳрҳо консерт барпо кар­да, ашъорашро худаш ба оҳанг да­роварда мехонд. Махсусан таснифҳои танқидие, ки бо оҳанги суруду …

Муфассал »