Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Орфикҳо

Орфикҳо

Орфикҳо (Orphikoi), намояндагони ҷараёни динию ирфонии Юнони Қадим, ки аз асри 6—4 то милод инҷониб маълуманд. Орфикҳо худро пайравони О р ф е й ва шогирди ӯ Мусей медонистанд, ки гӯё барои мӯътақидон ривояти махфӣ гузошта буданд. Мазмуни асосии таълимоти Орфикҳо асотирест дар бораи пайдоиши инсон. Фанети дуҷинсаро, ки аз …

Муфассал »

Орфей

Орфей

Орфей, ҳофизи афсонавии Фра­кия, писари олиҳа Каллиопа. Бино ба ривоятҳои аҳди қадим сурудҳои ҳайратангези ӯ одамон ва ҳатто худоёнро мафтун карда, қувваҳои ваҳ­шии табиатро ром кардаанд. Дар афсонаҳои юнонӣ Орфей эҷодкунандаи шеъру мусиқӣ васф шудааст. Орфей дар адабиёти бадеӣ, санъати тасвирӣ ва мусиқии халқҳои гуногун нақши равшан гузоштааст.

Муфассал »

Ортопедия

Ортопедия

Ортопедия (аз юнонӣ orthos — рост ва pefdeia — тарбия), як соҳаи тиб аст, ки шинохтан, пешгирию муолиҷа намудани деформатсия (тағйири қисмҳои бадан нисбат ба мавқеи ҷойгиршавӣ) ва шикасти аппарати такягоҳию ҳаракати одамро меомӯзад. Баромадан ва шикастани устуҳон, каҷ шудани панҷаҳо сутунмӯҳра ва усулҳои муолиҷаи онҳоро бори аввал ҳаким Буқрот …

Муфассал »

Ортоклаз

Ортоклаз

Ортоклаз (аз юнонӣ orthds — рост ва klasis — шикасташавӣ), минерали ҷинсофарин аз гурӯҳи шпаҳои даштӣ. Таркиби химиявиаш К [AlSisO*]. Дар таркибаш омехтаҳои Na (то 8% NajO), баъзан Ва ва ба миқдори кам Fe, Са, Rb, Cs ва ғайра дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ; кристаллҳояш призмашакл. Рангаш гулобии равшан, зарди бӯртоб, …

Муфассал »

Деҳаи Ортод

Ортод

Ортод, деҳаест дар Совети қишлоқи Куйбышеви pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхоз техникуми ба но­ми В. В. Куйбышев. Аз Ортод то маркази Совети  кишлоқ 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 640 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи канали …

Муфассал »