Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Орӣ Саидаҳмад

Орӣ Саидаҳмад ибни Шоҳабдурадим (1884—1918, Қалъаихум), шоири тоҷик. Дар Дарвоз ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кардааст. Дар шеъру шоирӣ шавқу завқи зиёде дошта, шеърҳояш дар байни халқ маъмулу мақбул гаштаанд. Ашъори Орӣ дар баёзу маҷмӯаҳои қа­ламӣ дарҷ гардидаанд.

Муфассал »

Шаҳри Орша

Орша

Орша, шаҳрест дар вилояти Витебски Республикаи Советии Сотсиалистии Булғория, дар соҳили дарёи Днепр. Узели калони рохи оҳан.  Аз Орша автомагистрали Ленинград — Киев мегузарад. Аҳолиаш 112 ҳазор нафар (1979). Комбинати катон, фабрикаҳои трикотаж, дӯзандагӣ,_заводҳои дастгоҳсозӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, асбобсозӣ, силикат, конструксияҳои оҳану бетонӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (комбинати гӯшту консерв, заводҳои панир, …

Муфассал »

Шаҳри Орхус

Орхус

Орхус (Arhus), шаҳр ва бандарест дар Дания, дар шарқи нимҷазираи Ют­ландия, дар соҳили халиҷи Орхус-Бугт. Маркази маъмурии амти Орхус. Аҳолиаш 246 ҳазор нафар (1974). Узели роҳи оҳан, маркази савдою саноат ва маданият. Махсусан саноати мошинсозӣ (таҷҳизот, яхдонҳо), истеҳсоли маҳсулоти нефт, саноати химия, бофандагӣ, хӯрокворӣ ривоҷ ёфтааст. Университет (аз 1928), Мактаби …

Муфассал »

Орхит

Орхит

Орхит (аз юнонӣ orchis — хоя), илтиҳоби хояи одам. Аксар вақт чун боди бемориҳои сироятӣ (ханозир, грипп, сӯзок, тиф, бруселлёз, сил ва ғайра) ва латхӯрии хоя ба вуҷуд меояд. Беморӣ тез cap мешавад (ҳарорат баланд ва хоя калон шуда, сахт дард мекунад). Орхит одатан баъди 2—3 ҳаф­та хомӯш мегардад, баъзан …

Муфассал »

Орфоэпия

Орфоэпия

Орфоэпия (юнонӣ orphoepeia аэ or­thos — дуруст ва epos — нутқ, сухан), маҷмӯи қоидаҳои талаффузи адабии ягон забони миллиро гӯянд, ки ягонагии сохти овозии онро таъмин мекунад. Қоидаҳои талаффузи забони адабӣ якҷоя бо нормаҳои лек­сикӣ, грамматикӣ, фонетикӣ, услубӣ, имлоӣ ва ғайра мубодилаи афкорро бай­ни намояндогони шеваҳои мухталиф осонтар мекунанд. Қоидаҳои …

Муфассал »