Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Палеоантропҳо

paleontropho

Палеоантропҳо (аз. палео… ва юн. antropos — одам), номи муштараки одамони ҳафриётӣ, ки 250—35 ҳазор сол то мелод дар Осиё, Африка ва Европа зиндагӣ мекардаанд. Палеоантропҳо як марҳалаи муайян ва қонуниест дар ташаккулу таҳаввули таърихии наесли одамизод. Палеоантропҳо аз рӯи аломатҳои антропологӣ ва хусусиятҳои олоти сангиашои ба чанд гурӯҳ тақсим …

Муфассал »

Палеоантропология

paleontrologiya

Палеоантропология (аз палео… ва антропология), як қисми антропологияро гӯянд, ки навъи ҷисмонӣ ва таҳаввули одамони ҳафриётӣ (мурдарафта) — архантропҳо, палеоантропҳо ва неоаптропҳои қадимиро меомӯзад. Палеоантропологияи пале­олит ва неолитро, ки дар ин давра нажодҳои ҳозираи одами пурра та­шаккул ёфтаанд, тадқиқ мекунад. Тадқиқи тамоми боқимондаҳои устухонҳои одамони қадимаи давраҳои минбаъдаи таърихӣ ба …

Муфассал »

Шаҳри Палембанг

palembang

Палембанг, шаҳрест дар Индонезия. Маркази маъ­мурии музофоти Суматраи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 583 ҳазор нафар (1971). Бан­дар дар дарёи Муси. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Саноати коркарди каучук, бофандагӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, чарм, киштисозӣ, инчунин заводи нуриҳои нитрогенӣ дорад. Дар Плаҷу ва Сунгайгеронге ном маҳалҳои ҳаволии Палембанг заводҳои коркарди нефт ҳаст. Ба хориҷа …

Муфассал »

Палдорак

paldorak

Палдорак, деҳа, маркази Совети қишлоқ Палдораки райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Правда» ва колхози ба номи М. И. Калинин. Аз Палдорак то маркази район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1250 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 3 мактаби миёна, 3 китобхона, 2 клуб, кинотеатр, 3 пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, ошхона, 2 …

Муфассал »

Деҳаи Палдорак

paldorak

Палдорак, деҳаест дар Совети қишлоқ Лан­гари райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гӯсфандпарварии район. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 24 км, то район 394 км. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Палдорак обёрӣ мешаванд.

Муфассал »