Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Вилояти Панҷоб

Панҷоб вилояти таърихиест дар Осиёи Ҷанубӣ, дар ҳудуди Ҳиндустон ва Покистон. Қисми шимолӣ ҳамвории Ҳинду Гангро ишғол мекунад. Дар қисми ғарбип Панҷоб биёбони Тхал воқеъ гаштааст. Дарёҳои Сатлаҷ,  Челам, Чиноб, Рави ва Биас бо дарёи Панҷнад даромехта, заминҳои корами Панҷобро обшор мекунанд. Аксар ҷойҳои баландаш 150—350 м. Иқлимаш хушк, ҳаво …

Муфассал »

Деҳаи Панҷикон

Панҷикон, деҳаест дар Совети қишлоқ Симиганҷи райони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷҷикистон. Территорияи совхози «Орҷоникидзеобод». Аз Панҷикон то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 492 нафар (1983), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Симиганҷ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Панҷзарб

panjzarb

Панҷзарб, садои пасти асбобҳои мусиқиест, ки ба най мувофиқ меояд. Дар натиҷаи бо панҷ ангушт пӯшонидани пардаҳои най Панҷзарб ҳосил мешавад. Панҷзарб нисбат ба садои «чорзарб» ва «сезарб» паст буда, бештар ба ансамбл, оркестр ва суруди ҳофизони яккаҳои ҷӯр мешавад.

Муфассал »

Панҷгоҳи рост

«Панҷгоҳи рост», шакли оҳангиест дар таркиби Мақомҳои хоразмӣ, ки аз тарафи Комили Хоразмӣ мураттаб гаштааст. Нимаи аввали асри 18 дар асоси оҳангҳои мақоми якум — «Рост» як силсила оҳангҳои созӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун мақоми ҳафтум «Папҷгоҳ» ном гирифт. Ин мақом тадриҷан аз байн рафт, вале баъзе оҳангҳояш, …

Муфассал »

Панҷгоҳ

«Панҷгоҳ» яке аз шӯъбаҳои мақоми классики аз силсилаи «Дувоздаҳмақом», ки ду навъ дорад: п а н ҷ г о ҳ и а с л ва п а н ҷ г о ҳ и зоид. Калимаи «Панҷгоҳ» аз панҷ овози мусиқӣ ва чаҳор фосила иборат бу­данро ифода макунад. Оҳанги шӯъбаи «Панҷгоҳ» …

Муфассал »