Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Қуллаи Ошанин

gullai_oshanin

Ошанин, қуллаест дар қисми шарқии қаторкӯҳи Пётри Якум, дар яке аз шохащои шимолии он (pайони Ҷиргатол). Баландиаш 6389 метр. Дар нишебиҳояш пиряхҳои Сагран ва Фортамбек воқеанд. Қулларо аввалин маротиба алпинистони Белоруссия бо рощбарии Л. Лозовский фатщ кар­даанд. Қулла ба шарафи В. Ф. Оша­нин номида шудааст.

Муфассал »

Очоронӣ

ochoroni

Очоронӣ, усули консервонии маҳсулоти хӯрокворӣ буда, ба таъ­сири ҷавҳари сирко асос ёфта аст, ки дар консентрасияи муайян махсу­сан бо иштироки намак бисёр микроорганиамҳоро сусту бемадор менамояд. Азбаски консентрасияи ҷавҳари сиркоӣ (мувофиқи таом истифодашаванда инкишофи пӯпапак ва бактерияҳоро нигоҳ дошта наметавонад, ҳангоми Очоронӣ намак ҳамрод карда, пастеризасия мекунанд, дар ҳарорати паст …

Муфассал »

Очор

ochor

Очор 1) туршиест, ки барои бо таом хӯрдан аз ангури пусида тайёр мекунанд; 2) сабзавот ё меваҷоти ба сирко ё намак хобондашуда (нигаред низ Очоронӣ)нонхуриш, туршии иштиҳокушо; 3) замини пасту ба­ланд. замини .ноҳамвор.

Муфассал »

Офтоби оламтоб

«Офтоби оламтоб» — тазкира, таълифи Муҳаммадсодиқхони Ахтар — шоир ва насрнависи Ҳиндустон (асри 19). Дар феҳристҳои китобхонаҳои дунё ягон нусхаи «Офтоби оламтоб» тавсиф нагардидааст. Мувофиқи маълумоти Музаффар Ҳусайни Сабо (тазкираи «Рӯзи равшан»), ки қисми зиёди ин тазкираро дар асари худ овардааст, таълифи он соли 1823 оғоз шуда соли 1854 анҷом …

Муфассал »

Деҳаи Очилдӣ

Очилдӣ, деҳаест дар Совети қишлоқи Қалъаидашти pайони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Қалъаидашт-l». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 22 километр. Аҳолинаш 440 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ — боғдорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »