Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оятии Ҳиравӣ

Оятии Ҳиравӣ Мавлоно (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ карда, бо аҳли адаби он ҷо алоқаи зич доштааст. Ояти Ҳиравӣ дар шеър «Наргисӣ» ва «Оятӣ» тахаллус кардааст. Ба қавли муосиронаш ӯ ҳар ҷо мазмуни борике дар шеъри дигарон меёфтааст, онро фавран назм мекардааст. Оятии …

Муфассал »

Оят

oyat

Оят (ар. — аломати илодӣ, мӯъҷиза) як фақраи сураи Қуръон, ибораест, ки мазмуни муайянро ифода мекунад. Оят гӯё ваҳии худо ба ра­сули худ Муҳаммади Мустафо ё як навъ дастуруламале будааст ба бандагонаш. Дар нусхаҳои аввалин (асрҳои 7—8) Каломи маҷид ба Оятҳое тақсмм мешавад, ки зимни дар як сура бо таркиби …

Муфассал »

Оят Домулло Абдушукур

Оят Домулло Абдушукур (1816, Бухоро — 1889, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи чармгар. Падари Шарифҷон-махдуми Садри Зиё. Аз соли 1885 то охири умр қозикалони Бухоро буд. Оят мувофиқи маълумоти Айнӣ аз ҷумлаи мударрисони машҳури Бухоро, аз «мутафарридини устодҳои замони худ» ба шумор мерафт. Супоришҳои дипломатиро ҳам ба …

Муфассал »

Ошуро

Ошуро (10-уми муҳаррам), яке аз маросимҳои мотамии равия шиа, ки ба хотири дар Карбало 10-уми муҳаррами соли 61 ҳазора (10 октябр 680 милод) кушта шудани писари Алӣ имом Ҳусайн қайд карда мешавад. Ошуро асосан ихтилофоти манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни синфи ҳукмрони он замонро нишон медиҳад. Шиаҳо ҳар сол ба ёди ин …

Муфассал »

Шоҳи Ошурбонипал

shohi_oshurbonipal

Ошурбонипал, шоҳи давлати Ошур (ҳукмронии 669—тақрибан 633 то милод). Барои истиқлол ва васеъ кардани ҳудуди давлати Ошур муборизаи ҳарбӣ ва дипломат бурд. Дар Ҷануб бо иттифоқи зиддиошурӣ, ки сардори он ҳокими Бобулистон бародараш Шоматашшумукин буд, ҷангид. Соли 648 Бобулистонро ишғол намуда, иттифоқчиёни он (Элам, оромиҳо, халдейҳо ва дигар)-ро торумор кард. …

Муфассал »