Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оғоҷии Бухороӣ

Оғоҷии Бухороӣ Абулҳасан Алӣ ибни Илёс (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Дар «Оташкада»-и Лутф-алибеки Озар ва баъзе тазкираҳои дигар Оғоҷии Бухороӣ ҳамчун шоири маъруфу машҳури замон (бе шарҳи тафсилоти зиндагиаш) зикр ёфтааст. Оғоҷии Бухороӣ дар шеъри форсӣ ва арабӣ даст доштааст. Аз осораш баъзе абёту қитаоти …

Муфассал »

Оғил

oqil

Оғил, оғол, 1) ҷоест, ки гов, гӯсфандон ва дигар чорпоёнро нигоҳ медоранд; сутургоҳ, молхона; 2) хонаи занбӯр, занбӯрхона.

Муфассал »

Оғзикичик

Оғзикичик, м а ғ о р а, қароргоҳи мансуб ба ҳазораҳои 50—40 то метр, ки 25 километр шимоли шарқи Данғара дар доманаи ағбаи Гулизиндон дар баландии 1400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Солҳои 1970—77 В. А. Ранов тадқиқ намуд. Масоҳати умумии ҳафриёт 200 метр2. Қабатҳои маскун аз як қатор …

Муфассал »

Оятулкурсӣ

oyatulkursi

Оятулкурсӣ (аз арабӣ оят—чорпоя барои нишастан, сандалӣ), яке аз оятҳои Қуръонро гӯянд, ки аз рӯи эътиқоди динӣ балогардон будааст. Масалан, агар кас онро пеш аз хоб хонад, гӯё тарсу ваҳм дафъ мешудааст.

Муфассал »

Ошхона

oshxona

Ошхона, қароргоқи одамони асри санг, ки дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Паси Олой, дар соҳили шохоби чапи дарёи Уйсу — дар Ошхонаҷилга ва 15 километр дуртар аз пиряхи Уйсу, 30 километр дуртар аз қуллаи Ленин воқеъ аст. Солҳои 1958—60 бостоншиноси советӣ В. А. Ранов …

Муфассал »