Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оқсарой

oksaroy

Оқсарой, ёдгории меъморӣ дар Шаҳрисабз (асри 14). Дар қисми шимоли шарқии шаҳр, дар майдони калон воқеъ буда, аз он пештоқи бо- ҳашамат ва як қисми сарой боқӣ мондааст. Тоқи ин пештоқ, ки 200 сол пеш вайрон шудааст, 22,5 метр бар ва 40 метр баландӣ дошт. Баландин ху­ди пештоқ ба 50 …

Муфассал »

Окоҳашари Кашмирӣ

Окоҳашари  Кашмирӣ Оқомуҳаммадшоҳ (1879, Банорас —1935, Лоҳур), драматург ва шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва ҳиндӣ менавишт. Дар Баворас таҳсил кардааст. Солҳои 90 зери таъсири драматург ва шоир Маҳдӣ Ҳасани Эҳсони Лакҳнавӣ ба эҷоди драмаҳо ба забони урду шурӯъ намуд; нахустин драмааш — «Офтоби муҳаббат» (1897). Дар эҷодиёти Окоҳашари  Кашмирӣ …

Муфассал »

Оқоҳасани Наққош

Оқоҳасани Наққош (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош ва хаттоти асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Оқоҳасани Наққош шогирди Музаффаралии Мусаввир ва пайрави услуби эҷодии Беҳзод буд. Хати настаълиқро хеле хуб менавишт. Дар тазйини мадрасаҳои Ҳирот низ иштирок кардааст. Як нусхаи девони Саъдӣ ва «Хамса»-и Низомиро оро додааст.

Муфассал »

Оқоризои Кошонӣ

Оқоризои Кошонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош  ва мусаввири асри 16. Дар поёни умр ба Ҳиндустон рафта, чанде он ҷо зиндагӣ ва камоли касб кардааст. Бештар бо тасвирн набототу мурғон машғул будааст. Тасвироташ табиӣ ва мутаносиб. Тарзи тарҳофарӣ, тасвири ҷузъиёти предмет, таносуби торикиву равшанӣ дар нигоришоти ӯ нисбат ба …

Муфассал »