Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оқтеппа

Оқтеппа, оташкадаи мансуб ба асрҳои 5—6 дар ҳудуди деҳаи Оқтеппа, 6 километр шарқтари маркази pайони Но­ви вилояти Ленинобод. Солҳои 1965—68 аз тарафи отряди археологии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии  Сотсиалистии Точикистон  таҳти роҳбарии У. Пулодов тадқиқ гардидааст. Оқтеппаро дар теппае аз хишти хом сохтаанд. Он аз ҷаҳор роҳрави 14,1- …

Муфассал »

Оқтеппа

Оқтеппа, димнаи мансуб ба асри 4 милод., ки дар водии Бешкенти pайони Шаҳртузи вилояти Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Солҳои 1955—59 онро А. М. Ман­делштам тадқиқ намуд. Оқтеппа чоркунҷа (80X70 метр) аст. Дар қисми ҷануби Оқтеппа чор қабати маскун ошкор карда шуд. Оқтеппа бошишгоҳи деҳқонон буда, аҳолиаш acocaн аз оби чашмаҳо истифо­да …

Муфассал »

Оқтеппа

Оқтеппа, яке аз бошишгоҳҳои мансуб ба охири ҳазораи 5 — нимаи дуюми ҳазораи 3 то милод, ки 3,6 километр ҷануби  ғарбтари шаҳри Ашқобод воқеъ аст. Оқтеппа ба маданияти Анов мутааллиқ буда, аввал бошишгоҳи як авлод, баъд ҷамоаи як оилаи калон ва ниҳоят қурғони оилаи хурд шуд. Осори 4 хона, анбор …

Муфассал »

Деҳаи Оқтелпак

Оқтелпак, деҳаест дар Совети қишлоқи Fapaви pайони Турсунзодаи Республикаи Советии  Сотсиалистии Точикистон . Территорияи колхози «Съезди  20-уми партия». Аз Оқтелпак то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то рай­он 12 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1235 нафар (1981), ӯзбекҳо. Деҳа мактаб, клуб, магазин, парки тракторҳо дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз …

Муфассал »

Оқтангӣ

Оқтангӣ, маҳаллест дар доманаи қаторкӯҳи Туркистон, 25 километр ҷануби шарқтари деҳаи Шаҳристони райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод, ки дар он ёдгории археологии мансуб ба давраҳои тӯлонии таърихӣ — аз охирҳои асрҳои ‘миёна то мезолит ёфт шуда­аст. Нигаред низ Камари Оқтангӣ.

Муфассал »