Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оқҷар дар райони Восеъ

Оқҷар, деҳа, маркази Совети қишлоқи Арали райони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Оқҷар то мар­кази район 18 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3650 нафар (1981), тоҷикон. Дар Оқҷар мактаби миёна, 3 китобхона, клуб, хонаи маданият, пункти тиббй, дорухона, боғчаи бачагон, шуъбаи алоқа, узели радио, АТС, …

Муфассал »

Оққӯрғон

Оққӯрғон, деҳаест дар Совети қишлоқи Кирови райони Турсунзодаи Республикаи Советии  Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Оққӯрғон то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 6 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 450 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин, яслӣ ва фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ …

Муфассал »

Деҳаи Оққӯрғон

Оққӯрғон, деҳаест дар райони Ле­нини Республикаи Советии  Сотсиалистии  Тоҷикистон  маркази Совети қишлоқи Оққӯрғон. Территорияи совхози «Варзоб». Аз деҳа то маркази район 18 ктлометр; роҳ асфалтпӯш, Ахолиаш 2910 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. ‘ Мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, магазин, ошхона дорад. Соҳаи хоҷагӣ — сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Оққуюнлу

Оққуюнлу, оққӯйлӣ, иттифоқи қабилаҳои турку оғуз, ки дар на- тиҷаи муттаҳидшавии қабилаҳои бо­диянишини турку оғуз (асрҳои 8— 11) ба вудуд омадааст. Дертар дар юришҳои Салчуқиён иштирок намуда, ба Ҷануб ва Fарб (Кавказ, Хуросон, Осиёи Пеш) паҳн шудааст. Оққуюнлуҳои боқимондаи соҳили дарёи Сир ва доманаҳои кӯҳи Нурато бо ӯзбекҳо ва қарақалпоқҳо …

Муфассал »

Деҳаи Оқғоза

Оқғоза, деҳаест дар Совети қишлоқи Авангарди pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Карл Маркс. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 20 километр, то район 22 километр; роҳ асфалтпӯш. Ахолиаш 1930 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, ки­тобхона ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо …

Муфассал »