Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оҳуҷар

Оҳуҷар, деҳаест дар Совети қишлоқи Озодии pайони Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози сабзавоткорӣ. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 9 километр. Аҳолиаш 435 нафар (1981), тоҷикон Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хлҷагӣ – сабзавоткорӣ. Заминҳоро системаи обёрии Ёвону Обикиик обшор мекунад.

Муфассал »

Оҳуи Мусиқор

Оҳуи Мусиқор (соли тавалд ва вафот номаълум), навозанда, ҳофиз ва бастакори охири асри 16 — аввали асри 17 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, илмҳои мусиқӣ, бадеъ, муаммо, фалсафа ва табииётро омӯхт. Оҳуи Мусиқор муддате дар ҳузури мусиқидони номии Бухоро Муҳаррами Ҷанги таркиботи илмию амалии мусиқиро аз бар кардааст. Оҳуи Мусиқор …

Муфассал »

Оҳии Ҳиравӣ

Оҳии Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастако­ри асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар ибтидо маишаташро аз касби нонвой таъмин мекард. Санъати мусиқиро аз ҳунармандони зодгоҳаш, махсусан аз Устод Шодӣ, писари ӯ Ғулом Шодӣ омӯхт. Оҳии Ҳиравӣ бештар бар ашъори Абдурраҳмои Ҷомӣ суруд мегуфтааст. Ӯ …

Муфассал »

Оҳии Машҳадӣ

Оҳии Машҳадӣ Мавлоно Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаъ- лум), шоири ибтидои асри 15 форс-тоҷик. Тафсилоти рӯзгораш норавшан аст. Оҳии Машҳадӣ чанде аз маснавиҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро ҷавоб гуф- та будааст. Аз чумла дар пайравии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ бо унвони «Хаёл ва Висол» маснавие навишта будааст, ки байти матлаашро …

Муфассал »

Оҳанубетон

ohanubeton

Оҳанубетон, масолехи биноко­рии сунъиест, ки аз бетон ва арма- тураи пӯлодӣ иборат мебошад. Дар конструксияҳои аз Оҳанубетон тайёр кардашуда мустаҳкамии бетон ба фишуриш ва мустахкамии арматура ба кашиш самаранок истифода меша­вад. Истифодаи якҷояи ин ду масолеҳи хосияташон басо мухталиф бар инҳо асос ёфтааст: коэффисиент и васеъшавии хосияташон хаттии бе­тон ва …

Муфассал »